Декабр 21, 2016 11:09 Asia/Dushanbe
  • Туркия: Гурӯҳи Гулен омили қатли сафири Русия аст

Вазири умури хориҷаи Туркия рӯзи сешанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҷон Керрӣ, ҳамтои амрикоии худ, гурӯҳи Фатҳуллоҳ Гулен мавсум ба "ФЕТО"-ро ба даст доштан дар террори Андрей Карлов, сафири Русия дар Анкара муттаҳам кард.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Мавлуд Човуш Уғлу бо ибрози таассуф аз қатли сафири Русия дар Анкара гуфт: Туркия ва Русия медонанд, дар пушти террори Андрей Карлов, Фатҳуллоҳ Гулен қарор дорад, ки дар Амрико ба сар мебарад.

Давлати Анкара ҳамчунин Фатҳуллоҳ Гулен ва тарафдорони вайро ба нуфуз дар дастгоҳҳои давлатӣ, ташкили давлати мувозӣ ва барномарезӣ барои кудатои нофарҷоми 15 июли 2016 дар Туркия муттаҳам кардааст .

Анкара борҳо аз Вашингтон хостааст, то Гуленро ба Туркия бозгардонад .

Сафири Русия дар Туркия рӯзи душанбе ҳангоми боздид аз як намоишгоҳи акс дар Анкара, бар асари тирандозии фарди мусаллаҳе, ки ба гуфтаи мақомоти амниятии Туркия Мавлуд Олтинтош ном дошта ва аз нерӯҳои полиси ин шаҳр будааст, кушта шуд .

 

Барчасп