Декабр 21, 2016 17:00 Asia/Dushanbe
  • Амрико изҳороти мақомоти Туркияро аҳмақона хонд

Ҷон Кирби сухангӯи вазири хориҷаи Америко иддаои мақомоти Туркияро дар бораи террори сафири Русия дар ин кишвар аҳмақона ва нодуруст хонд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико бо ибрози нигаронӣ аз суханони ахири мақомоти Туркия гуфт: Баъзе аз суханҳое, ки тарафи Туркия дар хусуси мудохила ва ҳимояти зимниӣ ё ғайризимнии Вашингтон аз террори сафири Русия дар Туркия бобати ҳузури Гулен дар Амрико матраҳ мекунад, аҳмақона ва нодуруст аст.

Кирби гуфт: Мо бояд иҷоза диҳем масъулон, таҳқиқи худро анҷом диҳанд ва ҳақоиқ ва шавоҳид онҳоро роҳнамоӣ кунад ва аз қазовати зудҳангом худдорӣ кунем.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико таъкид кард: Аммо ҳар гуна тасаввур дар бораи ин ки Амрико ба навъе ҳомии ин террор буда ё дар он нақш дошта ё ҳатто ба сурати ғайримустақим дар ин мавзӯъ мушорикат дошта, комилан хандаовар аст.

Мавлуд Човушуғлу вазири умури хориҷаи Туркия рӯзи сешанбе Фатҳуллоҳ Гуленро муттаҳам ба он кард, ки дар пушти пардаи қатли сафири Русия дар Туркия қарор дорад.

Човушуғлу бо ибрози таассуфи шадид аз қатли нафратангези сафири Русия гуфт: Туркия ва Русия медонанд дар пушти террори Андрей Карлов сафири Русия дар Анкара шабакаи Фатҳуллоҳ Гулен, ки дар Амрико дар табъид ба сар мебарад, қарор дорад.

 

Барчасп