Декабр 21, 2016 19:28 Asia/Dushanbe
  • Мухолифат бо ташкили вилояти Афғония дар Покистон

Вазири киштиронии давлати Покистон мухолифати худро бо ташкили вилояти Афғония эълом кард.

Ба гузориши Радиои паштуи бурунмарзии Садо ва симои Эрон, Мирҳосил Базанҷу - вазири киштиронии давлати марказӣ ва раиси ҳизби миллии Покистон зимни мухолифат бо ташкили вилояти Афғония дар Покистон, хостори бозгашти ҳарчи сареътар чаҳор миллион муҳоҷири афғон ба кишваришон шуд.

Вай ҳамчунин гуфт, саршуморӣ дар Покистон бо ҳузури муҳоҷирони Афғонистон қобили қабул нест.

Вай афзуд, то замоне ки муҳоҷирон ба таври ғайриқонунӣ дар Покистон ҳузур дошта бошанд, амнияти кишвар таъмин нахоҳад шуд.

Маҳмудхон Эчикизай, ки аз бузургони паштунҳои иёлати Балучистони Покистон аст, чанде пеш гуфта буд, бо бозгардондани муҳоҷирон ба Афғонистон мухолиф аст ва хостори ташкили як вилоят ба номи Афғония барои муҳоҷирони афғон ва додани шаҳрвандии Покистони ба онон шуда буд.