Декабр 21, 2016 20:16 Asia/Dushanbe

Террори сафири Русия дар Туркия, он ҳам дар муқобили дурбинҳои телевизион ҳикоят аз он дорад, ки ҷараёнҳои террористӣ ва такфирӣ то чӣ андоза аз пирӯзиҳои артиши Сурия дар Ҳалаб ба хашм омадаанд.

Иттифоқе, ки шаби душанбе дар як намоишгоҳи наққошӣ дар Анкара рӯх дод ва дар он Андрей Карлов, сафири Русия террор шуд, аз паҳлуҳои гуногуне қобили баррасӣ аст. Ин террор нишон дод, Ҳукумати Туркия дар таъмини ҳифозат аз сафирон ва маъмурони дипломатии дигар кишварҳо осебпазир аст. Ин дар шароите аст, ки Русия зеҳнияти мусбате аз иқдомоти гузаштаи Туркия надорад. Ҳадаф қарор гирифтани як ҳавопаймоии ҷангии Русия аз сӯйи артиши Туркия ва қатли халабони рус дар соли гузашта ин нигарониро ба вуҷуд овард, ки шаҳрвандон ва манофеи Русия дар Туркия мумкин аст, бори дигар ҳадафи ин гуна иқдомот қарор гиранд. Ба ҳар ҳол, ин бор низ Ҳукумати Туркия натавонист амнияти ҷони олитарин узви ҳайати дипломатии Русияро дар Анкара таъмин кунад. Ин масъалае  аст, ки метавонад паёмадҳои сиёсӣ - амниятӣ дар дохили Туркия низ дошта бошад. Аз сӯи дигар террори сафири Русия дар Анкара чанд рӯз баъд аз озодии шаҳри Ҳалаби Сурия ҳикоят аз хашму нигаронии ҷараёнҳои такфирӣ ва террористӣ дар минтақа дорад. Ин ҷараёнҳо, ки тайи 5 соли гузашта аз ҳеҷ кӯшише барои сарнагун кардани низоми Сурия, ҳатто ба қимати ҷони 400 ҳазор инсон даст накашидаанд, акнун бо озод шудани Ҳалаб орзуҳои худро барбодрафта мебинанд. Ба ҳамин далел барои интиқомгирӣ аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия сафири ӯро дар Анкара куштанд. Ин ҷараён умедвор аст, аз ин тариқ русҳоро ба ақибнишинӣ дар хусуси Сурия водор намояд. Бо ин ҳол, ҳаводиси пас аз ҳамла ба ҷангандаи Русия тавассути нерӯҳои ҳавоии Туркия дар соли гузашта нишон дод, ки Кремл дар баробари чунин иқдомоте масири ташдиди бархӯрд бо террористҳо ва такфириҳоро дар пеш хоҳад гирифт. Путин дар пайи террори сафири Русия дар Анкара таъкид кард, ки ҳамалоти ин кишвар ба террористҳо шиддат хоҳад гирифт ва тафовути он қобили эҳсос хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз аҳдофи омилони террори сафири Русия дар Туркия талош барои ҷилавгирӣ аз ба анҷом расидани талошҳои дипломатии ҳалли буҳрони Сурия будааст. Ин иттифоқ дар остонаи баргузории нишасти Вазорати умури хорҷии Русия, Туркия ва Эрон дар Маскав барои кӯмак ба фарорасии сулҳ дар Сурия рӯх дод. Ҷараёнҳои зиддисуряӣ дар минтақа ба шиддат аз ҳамкориҳои ин се кишвар, бавижаи танишзудоӣ миёни Маскав ва Анкара нигарон ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки Амрико ва Аврупо дар иҷрои барномаҳои худ мабнӣ ба сарнагун кардани Башор Асад, раисҷумҳури ин кишвар ноком мондаанд. Акнун дар пайи террори сафири Русия дар Анкара душманони Сурия ба бурузи муҷаддади таниш дар равобити Анкара ва Маскав умед бастаанд, то шояд битавонанд бо барҳам хӯрдани масири музокироти дипломатӣ Ғарбро ба идомаи ҳимоят аз ба истилоҳ эътирозкунандагони муътадил дар Сурия ташвиқ кунанд. Бо вуҷуди ин иттифоқоти пас аз террори сафири Русия дар Туркия нишон медиҳад, ки ваҳдати назари Маскав ва Анкара ба сари Сурия дучори хадшаи ҷиддӣ нашудааст.