Июл 14, 2016 16:38 Asia/Dushanbe
  • Як мақоми амрикоӣ аз фурудгоҳи Маскав ихроҷ шуд

Мақомоти рус дар остонаи сафари вазири умури хориҷии Амрико ба Русия як мақоми амрикоиро аз фурудгоҳи Маскав ихроҷ карданд.

Ҳамзамон ба афзоиши танишҳои сиёсию низомӣ дар равобити Русияю Амрико ва дар остонаи сафари вазири умури хориҷии ин кишвар ба Маскав як мақоми расонаии Амрико аз фурудгоҳи пойтахти Русия бозгардонида шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҷефри Шел, раиси Шӯрои мудирияти радиоҳои Амрико, ки дар феҳрасти таҳримҳои Маскав алайҳи ин кишвар қарор дорад, изҷоза наёфт, вориди Русия шавад. Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷии Русия эълом кард, Маскав дар посух ба иқдомҳои Вашингтон, ки ба баҳонаҳои воҳӣ алайҳи шаҳрвандони Русия таҳрими раводид барқарор мекунад, дар ҳолати танзими феҳрасти таҳрими мақомҳои амрикоӣ аст. Шел, ки дар садри ниҳоди раҳбарии радио ва телевизиони давлатӣ, аз ҷумла "Садои Амрико" ва "Озодӣ" қарор дорад, пас аз вуруд ба фурудгоҳи Маскав аз сӯйи маъмурон мутаваққиф ва ба кишвари худ бозгардонида шуд.

Русия ҳамчунин дар остонаи сафари Керри, ки қарор аст, имрӯз оғоз шавад, аз бурузи танишҳои ҷиддӣ байни ду кишвар хабар дод. Маскав дар баёнияе эълом кард, вазири умури хориҷии Амрико дар ҳоле ба Русия сафар мекунад, ки бо рӯйкардҳои ғайридӯстонаи Вашингтон равобити дуҷониба ба шиддат тахриб шудааст ва Русия бар асоси асли амали мутақобил ба талошҳои Вашингтон барои зарба задан ба Русия посух медиҳад.

Авзои Сурия, Украина, Қарабоғи Кӯҳӣ, шибҳиҷазираи Корея, Ховари Миёна ва Афғонистон аз ҷумлаи мавзӯъҳои музокираи вазири умури хориҷии Амрико бо Сергей Лавров ва Владимир Пуртин, раисҷумҳури Русия эълон шудааст.

Барчасп