Июн 08, 2023 12:06 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Чин ба инфиҷори сади Каховка дар Украина
    Вокуниши Чин ба инфиҷори сади Каховка дар Украина

Вазорати хориҷаи Чин аз ҳодисаи фурӯрехтани сади Каховка дар Украина, ибрози нигаронӣ кард.

Субҳи дирӯз, раснаҳои украинӣ ва русӣ эълом карданд, ки сади нерӯгоҳи барқи обии Каховка дар минтақаи Херсон воқеъ дар ҷануби Украина мунфаҷир шуд ва оби сад ба самти рустоҳои атироф дар ҳоли пешрави аст.

Ба гузориши Садои Хурсон, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дирӯз чаҳоршанбе зимни ибрози нигаронӣ аз фурӯрехтани сади Каховка дар  Украина гуфт, Чин амиқан нигарони табаъоти башардӯстона, иқтисодӣ ва зист муҳитии ношӣ  аз шикастани ин сад аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар идомаи суханони худ хостори таъаҳуди тарафҳои даргири дар Украина ба роҳи ҳали сиёсӣ ва талош ва ҳамкори барои танишзоӣ шуд.

Ин дипламати аршади Чин гуфт: Аз ҳамаи тарафҳои муртабит бо дагириҳо мехоҳем аз қавонин башардӯстонаи байналмиллалӣ пайравӣ кунанд ва барои ҳифозат аз имении ғайри низомиён ва таъсисоти ғайри низомӣ ҳамаи талоши худро ба кор бибанданд.

Барчасп