Июн 10, 2023 19:12 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Чин хостори эҳдоси девори марзӣ шуд

Раисиҷумҳури чин сохти девор дар имтидоди марзҳои ин кишварро хостор шуд.

Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин имрӯз (шанбе) аз неруҳои марзбонии ин кишвар хост тавоноиҳои худро дар дифо аз марзҳо ва талош барои эҷоди неруии низомии қавӣ дар марзҳо ҳамчун як «девори бузурги фулодӣ» афзоиш диҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Си Ҷинпин ин изҳоротро дар сафари устонӣ ба минтақаи худмухтори Муғулистони дохилӣ дар шимоли Чин, барои баррасии амалкарди мудирият ва кантроли марзҳо ва тавсеаи неруҳои марзӣ баён кард.

Раисиҷумҳури Чин дар боздид аз неруҳои низомии Муғулистони дохилӣ, аз нақши неруҳои марзии минтақа дар тазмини амнияту субот дар марзҳои шимолии ин кишвар қадрдонӣ кард.

 

Барчасп