Июн 11, 2023 10:53 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 9 нафар ба иттиҳоми иртибот бо ДИИШ дар Анкара
    Боздошти 9 нафар ба иттиҳоми иртибот бо ДИИШ дар Анкара

Неруҳои амниятии Туркия 9 нафарро ба иттиҳоми иртибот бо гуруҳаки террористии ДИИШ дар Анкара боздошт карданд.

Як руз пеш аз ин низ тимҳои мубориза бо терроризми идораи полиси Истанбули Туркия Ҷалол Исмоил Аҳмадро, ки ба истилоҳ қозии минтақаи Найнаво дар замони тасалути гуруҳаки террористии ДИИШ бар Мувсели Ироқ буд дастгир карданд.

Давлати Туркия дар моҳҳои ахир амалиёт барои шиносоӣ ва дастгирии неруҳои боқимондае аз гуруҳаки террористии ДИИШ-ро барои пешгири аз нуфузи бештари онҳо дар хоки ин кишвар афзоиш дода аст.

Дар ҳамин иртибот ва ба гузориши пойгоҳи хабарии "Эн Ти Ви" Туркия ин 9 гумонбар ба иртибот бо гуруҳаки террористии ДИИШ, ки ҳамагӣ аз шаҳрвандони кишварҳои дигар ҳастанд дар юризи замони неруҳои идораи мубориза бо терроризм ва иттилоъоти полиси Туркия ба чанд макор аз пеш шиносоӣ шуда дар Анкара дастгир шуданд.

Интизор меравад ин афрод, ки бар асоси гузоришҳои иттилоъоти ва баррасиҳои мақомоти амниятӣ дар радаи террористҳои ситезаҷуи хориҷӣ қарор гирифтанд пас аз бозҷуӣ ва анҷоми иқдомоти идори аз Туркия ихроҷ шаванд.

Бештар бихонед:

Барчасп