Ҳушдор дар бораи камбуди маводи ғизоӣ дар Афғонистон
-
Ҳушдор дар бораи камбуди маводи ғизоӣ дар Афғонистон
Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ва барномаи ҷаҳонии ғизо ҳушдор доданд Афғонистон тайи шаш моҳи оянда бо бештарин камубди маводи ғизоӣ ру ба ру хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ва барномаи ҷаҳонии ғизо дируз эълом карданд: Эҳтимолан аз моҳи июн то ноябри имсол камбуди маводи ғизоӣ дар 22 кишвар аз ҷумла Афғонистон бештар аз гузашта эҳсос мешавад.
Ваҳиди Амонӣ сухангуи барномаи ҷаҳонии ғизо пеш аз ин ба расонаҳо гуфта буд дар ҳоли ҳозир беш аз 15 миллион нафар дар Афғонистон бо камбуди маводи ғизоӣ ру ба ру ҳастанд.
Созмони Милал низ пештар эълом карда буд дар соли ҷорӣ наздик ба 29 миллион шаҳрванди Афғонистон ба кумакҳои башардустона ниёз хоҳанд дошт.