Вокуниши Лавров ба ҳузури ҷангандаҳои F-16 дар осмони Украина
https://parstoday.ir/tg/news/world-i103662-Вокуниши_Лавров_ба_ҳузури_ҷангандаҳои_f_16_дар_осмони_Украина
Вазири хориҷаи Русия гуфт : Маскав омодааст то дар сeрати ҳузури ҷангандаҳои F-16 дар осмони Украина посухи низомӣ - фаннии муносиб бидиҳад .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 17, 2023 10:20 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Лавров ба ҳузури ҷангандаҳои F-16 дар осмони Украина

Вазири хориҷаи Русия гуфт : Маскав омодааст то дар сeрати ҳузури ҷангандаҳои F-16 дар осмони Украина посухи низомӣ - фаннии муносиб бидиҳад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии ОРТ дар робита бо имкони зоҳир шудани ҷангандаҳои  F-16  дар осмони Украина изҳор кард : Агар ин ҷангандаҳо дар осмони Украина зоҳир шаванд, мусалламан аз сӯи Маскав як посухи низомӣ - фаннии дархур ба ин амр дода хоҳад шуд.
Лавров хотирнишон кард : Русия дар чорчуби гуруҳи панҷ қудрати атомии ҷаҳон ( аъзои доимии Шӯрои Амният) дар иртибот бо эҳтимоли фароҳам кардани замина аз сӯи кишварҳои ғарбӣ барои интиқоли ҳавопаймоҳои F-16 ба Украина барои ҳамли силоҳҳои ҳастаӣ бисёр қотеъ бархӯрд карда ва ҳушдор додааст.
Вазири хориҷаи Русия таъкид кард : Мо мавзеи худро дар ин маврид ба таври ошкор матраҳ кардаем .