Июн 19, 2023 13:16 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳодияи Аврупо ирсоли таслиҳот ба Киевро суръат мебахшад
    Иттиҳодияи Аврупо ирсоли таслиҳот ба Киевро суръат мебахшад

Раиси санъати Иттиҳодия аз тасреи таҳвили таслиҳот ба Украина барои кӯмак ба пешбурди зиддӣ ҳамла алайҳи нерӯҳои Русия хабар дод.

Thierry Breton раиси санъати Иттиҳодияи Аврупо шомгоҳи якшанбе дар гуфтугӯ бо рӯзномаи фаронсавӣ (Le Parisien)  бо ишора ба баъаҳуди ин Иттиҳодия мабни бар таъмини як миллион силоҳ бо колибери боло, тай 12 моҳи оянда гуфт: Мо талоши худро барои таҳвили таслиҳот ва муҳиммоти ҷангӣ ба Киев афзоиш хоҳем дод зеро таслиҳот ва муҳиммот нақши бисёр муҳиме дар ҷанге, ки бо шиддати ҳарчӣ тамомитар дар Украина идома дорад,ифо мекунад.

 Бретон афзӯд: Мо ба гунае барномарези кардаем,ки ин ҷанг ҳатто агар чанд моҳи дигар ё ҳатто бештар идома пайдо кунад, таслиҳот ва муҳиммоти мавриди нмиёзи Украинаро тавлид кунем.

Тибқи  гузоиши,  Украина авоили моҳи ҷорӣ зиддӣ ҳамлаи худро барои бозпасгирии сарзаминҳои худ аз нерӯҳои Русия оғоз кард.

Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида панҷшанбеи гузашта аз муттаҳидони Киев хост то барои таҳияи таслиҳот ва муҳиммоти бештар аз тамоми манобеъи худ истифода карда ва аз ҳеҷ кӯшише дар ин роҳ дареғ накунанд.

Зеленский, раисиҷумҳӯри Украина пас аз моҳҳо интизор, рӯзи шанбе даҳуми июни 2023 таъкид кард, ки зиддӣ ҳамлаи нерӯҳои ин кишвар алайҳи артиши русия оғоз шудааст.

Бештар бихонед:

Барчасп