Таъйиди гузориши моҷарои расвои парти-гейт дар порлумони Британия
Намояндагони Маҷлиси авоми Британия душанбешаб дар иқдоми бесобиқа ба гузорише, ки Борис Ҷонсон-нахуствазири асбақи ин кишварро ба фиреби барқасдонаи ин ниҳоди қонунгузор дар моҷарои расвоии парти-гейт муттаҳам мекунад, раъйи мусбат доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба ин тартиб як нахуствазири асбақи Британия барои нахустин бор дар таърихи муосири ин кишвар ба фиребкорӣ муттаҳам шуд.
Бар асоси раъйгирии имшаб муҷаввизи тараддуди Ҷонсон ба дохили сохтмони порлумон лағв шуд ва агар аз намояндагии маҷлис истеъфо надода буд, ба муддати 90 рӯз аз ширкат дар ҷаласоти ин ниҳод манъ мешуд .
Ҷонсон июли соли гузашта дар паи расвоии парти-гейт аз мақоми худ канорагирӣ кард . Расвоии парти-гейт дар ноябри 2021 бо интишори гузорише дар рӯзномаи Дейли мирор калид хурд.
Бар асоси гузориши ин рӯзнома дафтари нахуствазири Британиа дар миёнаи даври дувуми маҳдудиятҳои коронаӣ ва дар шароите, ки баргузории гирдиҳамоии ғайрикорӣ дар фазои баста мамнуъ буд, мизбони меҳмонӣ ва ҷашнҳои ғайрикорӣ будааст.