Июн 21, 2023 11:04 Asia/Dushanbe
  • Борелл: Иттиҳоди Аврупо маводи аввалия барои тавлиди муҳимот надорад

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо эълом кард, ки ин иттиҳодия маводи аввалия барои тавлиди муҳимот надорад ва бояд онҳоро ворид кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷозеп Борелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар нишасти сарони ин иттиҳодия дар Брюссел ва дар тайиди аввалин санади стротежии амнияти иқтисодии Иттиҳоди Аврупо гуфт, барои афзоиши зарфияти тавлиди муҳимоти ҷангӣ, фоқиди маводи ҳаётӣ ҳастем, ки дигар дар Аврупо мавҷӯд нест ва бояд ворид шавад.

Вай афзуд, ин амр истиқлоли стротежии моро тазъиф мекунад, хатароти иқтисодиро ба ҳамроҳ дораду амнияти моро таҳдид мекунад.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин дар робита бо ин мавзӯ дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишт: Амнияти имрӯза дорои абъоди ҷадиду чандгонае аст. Имрӯза ҷангро метавон бо васоили дигаре, аз ҷумла иқтисод анҷом дод.

Борелл тасреҳ кард, ба ҳамин далел аст, ки як баёнияи муштарак дар бораи амнияти иқтисодӣ пешниҳод шуда то боз будани суннатӣ (системаи иқтисодӣ)-и Иттиҳоди Аврупо бо абзорҳое, ки рифоҳу манофеи ин иттиҳодияро тазмин мекунад, мутаодил шавад.

 

Барчасп