Путин ба Трамп нома фиристод
https://parstoday.ir/tg/news/world-i10399-Путин_ба_Трамп_нома_фиристод
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар номае ба раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико бо табрики Соли Нави милодӣ ба Доналд Трамп хостори оғози фасли гарм дар равобити ду кишвар шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 24, 2016 12:11 Asia/Dushanbe
  • Путин ба Трамп нома фиристод

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар номае ба раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико бо табрики Соли Нави милодӣ ба Доналд Трамп хостори оғози фасли гарм дар равобити ду кишвар шуд.

Ба гузориши “ал-Олам”, Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико рӯзи ҷумъа ин номаи Путинро мунташир кард. Путин дар ин нома барои барқарор кардани ҳамкории муносиб миёни Русия ва Амрико ва боло бурдани сатҳи равобит ибрози умедворӣ кардааст. Трамп ин номаро, ки раисҷумҳури Русия дар он хоҳони таҳкими чорчӯби ҳамкории дуҷониба дар сатҳи байналмилалӣ шудааст, «бисёр дӯстона» тавсиф кард.

Равобити Вашингтону Маскав аз соли 2014 ба ин сӯ тира шудааст. Аз сӯйи дигар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо аз соли 2014 бо муттаҳам кардани Русия ба дахолат дар даргириҳои шарқи Украина ва кӯмак ба мухолифони ҳукумати ин кишвар маҷмӯае аз таҳримҳои густурдаи иқтисодию моли зиддрусиро вазъ кардаанд, ки вокуниши мутақобили Маскавро дар пай доштааст. Акнун роҳёбии Трамп ба Кохи Сафед метавонад умедҳоро барои эҳёи равобити Русия ва Амрико, ки ба поинтарин сатҳ расидааст, афзоиш диҳад.