Посухи расмии Толибони Афғонистон ба чароии таълиқи таҳсили духтарон
Сухангӯи ҳукумати Толибони Афғонистон, далели таълиқи омӯзиши духтарони ин кишварро эҷоди ислоҳот донист.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибони Афғонистон дар як гуфтугӯи телевизиюнӣ, дар бораи чароии таълиқи таҳсили духтарони болотар аз синфи шашум дар Афғонистон гуфт, таътилии мадорис ба далели ислоҳоти зарурӣ сӯрат гирифтааст, чаро ки барномаи омӯзишии собиқ аз Ғарб омада ва тавассути ғарбиҳо таҳмил шуда буд.
Вай афзуд, мо нагуфтем, ки таҳсили духтарон мамнӯъ аст ё инки иҷозаи таҳсил ба онҳо намедиҳем, балки ин таълиқ то амри сонӣ аст, ба ин маъне, ки ислоҳоте дар он бавуҷуд меояд.
Оқои Муҷоҳид ҳамчунин зимни таъкид бар лузӯми сиёсӣ накардани масоили башардӯстона бо масоили ин кишвар афзуд, кумакҳои башардӯстона набояд ба масоили сиёсӣ гиреҳ бихӯрад.