Бозгашти Амрико ба ЮНЕСКО
Амрико бо раъйи аксарияти 193 кишвари узви ЮНЕСКО бори дигар ба унвони яке аз аъзои созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид- ЮНЕСКО пазируфта шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,панҷ сол пас аз хурӯҷ аз ЮНЕСКО дар даврони раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп, Иёлоти Муттаҳида авоили моҳи ҷорӣ эълом кард, ки мехоҳад ба ин созмон бозгардад .
Мақомоти Амрико эълом карданд ки ин тасмим ношӣ аз нигаронии пур кардани шикофи Иёлоти Муттаҳида дар сиёсатгузории ЮНЕСКО тавассути Чин, ба вижа дар таъйини стандартҳо барои ҳуши маснӯъӣ ва омӯзиши фанноварӣ дар саросари ҷаҳон аст.
Иёлоти Муттаҳида ва ( режим )и Исроил пас аз раъй ба узвияти Фаластин дар соли 2011,кумаки молӣ ба ЮНЕСКО-ро мутаваққиф карданд .
Пас аз он давлати Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯри собиқи Амрико дар соли 2017 тасмим гирифт, ки аз соли баъд ( 2018 ) ба таври куллӣ аз ЮНЕСКО хориҷ шавад .