Адами истиқболи Иттиҳоди Аврупо аз музокира барои узвияти Туркия
(last modified Fri, 14 Jul 2023 14:43:26 GMT )
Июл 14, 2023 19:43 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон мехоҳад буҳронро бо узвият дар Аврупо ҳал кунад, аммо ...
    Эрдуғон мехоҳад буҳронро бо узвият дар Аврупо ҳал кунад, аммо ...

Бархе аз мақомоти Иттиҳоди Аврупо эълом кардаанд, ки Туркия барои пайвастан ба иттиҳодия роҳе дуру дароз дар пеширӯ дорад ва такмили раванди узвият осон нест.

Пас аз танишҳои сиёсии бисёр бар сари узвияти Шветсия дар НАТО ва мухолифати Туркия, саранҷом Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия бо узвияти Шветсия дар НАТО мувофиқат кард.

Бархе аз аъзои Иттиҳоди Аврупо бар ин боваранд, ки исрори феълии Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия барои оғози муҷаддади музокироти узвият дар Иттиҳоди Аврупо, реша дар буҳрони иқтисодӣ дорад.

Эрдуғон мехоҳад буҳронро бо узвият дар Аврупо ҳал кунад, аммо бо вазъияти феълӣ ва сиёсатҳои кунунии Ҳизби адолат ва тавсеа, Иттиҳоди Аврупо ҳамаи дарҳову даричаҳоро барои гуфтугӯ бо Туркия баста аст.