Зарари миллион евроии “Барселона” аз лағви бозии дӯстона бо “Ювентус”
https://parstoday.ir/tg/news/world-i105328-Зарари_миллион_евроии_Барселона_аз_лағви_бозии_дӯстона_бо_Ювентус
Лағви яктарафаи бозии дӯстона бо “Ювентус” зарари молии ҳангуфте рӯйи дасти бошгоҳи “Барселона” гузошт.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июл 23, 2023 21:08 Asia/Dushanbe
  • Баргузор нашудани бозии “Барселона” ва “Ювентус”
    Баргузор нашудани бозии “Барселона” ва “Ювентус”

Лағви яктарафаи бозии дӯстона бо “Ювентус” зарари молии ҳангуфте рӯйи дасти бошгоҳи “Барселона” гузошт.

Бошгоҳи “Барселона” шомгоҳи шанбе бо интишори баёнияе расмӣ, аз лағви бозии дӯстонааш баробари “Ювентус” дар урдӯи пешфасли Амрико ба иллати ибтилои гуруҳи зиёде аз бозикунони “Барселона” ба як бемории вирусӣ ва гуворишӣ хабар дод.

 

Бар асоси ин гузориш, бароварди Барселона аз даромадҳое ки аз сафараш ба Амрико хоҳад дошт, 12 миллион евро, ба иловаи 250 ҳазор еврои дигар аз фурӯши маҳсулоташ будааст, аммо ҳазфи бозии аввал ин даромадро ба 10 миллион евро коҳиш хоҳад дод, ки бошгоҳи “Барселона мутаҳаммили пардохти 2 миллион евро зарар хоҳад шуд.

Зарари дигари ҳошияии лағви ин бозӣ ҳам аз даст рафтани фурсати фурӯши маҳсулоти бошгоҳ, аз ҷумла пероҳан ба ҳаводорони Барселона дар шаҳри Санта Клараи иёлати Калифорнияи Амрико буд.

Бозии баъдии барсиёиҳо соати 6 субҳи рӯзи панҷшанбе баробари “Арсенал” дар шаҳри Лос-Анҷелес баргузор хоҳад шуд.