Июл 26, 2023 18:38 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз авзоъи амниятии Шветсия ба дунболи беҳурматӣ ба Қуръон

Хадамоти амнияти дохилии Шветсия эълом кард вазъияти амниятии ин кишвар пас аз мавориди ахири беҳурматӣ ба Қуръон ва эътирозоти ҷаҳони Ислом вахимтар шудааст.

Ба гузориши Ассошиатед Пресс ба нақл аз Хадамоти амнияти дохилии Шветсия, сӯзондану беҳурматӣ ба кутуби динӣ ва ҷараёни нашри дуруғҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ тасвири Шветсияро хадшадор кардааст .Дар баёнияи ин созмони амниятӣ омадааст : Тасвири Шветсия аз як кишвари аҳли мудоро ба душмани ислом ва мусалмонон ва маконе, ки давлат ҳамла ба мусулмононро муҷози шумурда ва созмонҳои иҷтимоӣ метавонанд кӯдакони мусулмонро бирабоянд, тағйир кардааст.
Ин созмон бо ишора ба онки хатари тероризм дар Шветсияи ҳамакнун дар сатҳи се аз панҷ қарор дорад, афзуд : Вазъияти ҷорӣ хатари ифротиюн алайҳи ин кишварро афзоиш медиҳад.
 

 

Барчасп