Писари Байден иттиҳомоти худро напазируфт
(last modified Thu, 27 Jul 2023 14:15:22 GMT )
Июл 27, 2023 19:15 Asia/Dushanbe
  • Писари Байден иттиҳомоти худро напазируфт

Ҳонтер Байден, писари раиси ҷумҳури Амрико иттиҳомоти додситонии ин кишвар алайҳи худро рад ва онҳоро сохтагӣ хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар пешниҳоде Ҳонтер Байден ба додситони Амрико мутаъаҳҳид шуд ба ивази ҳамкории молиётӣ аз пайгарди қазоии марбут ба истифода аз аслиҳа дар амон бимонад, аммо рӯзи чаҳоршанбе қозии парванда гуфт: Ҳонтер ҳозир ба пазириши иттиҳомоти худ нест .
Дар ҳамин ҳол қозии парванда гуфт ба замони бештаре барои баррасии ин пешниҳод ниёз дорад.
Бозрасони ҷумҳурихоҳ эълом карданд, агарчӣ Ҳонтер Байден-писари раиси ҷумҳӯри феълии Амрико моҳи гузашта бо додситонҳои федерол дар мавриди ду ҷурми молиётӣ ва як парвандаи аслиҳа ба тавофуқ расид, аммо ин бадон маъно нест, ки парвандаи ҷиноии вай баста шудааст .
Ҷемс Комр-раиси кумитаи назорату посухгуии Маҷлиси намояндагони Амрико дар ин хусӯс эълом кард, ки интизор меравад байни шаш то 10 мавриди ирҷоъи ҷиноӣ дар хусӯси парвандаи Ҳонтер Байден ба вазорати додгустарӣ ироа кунад .
Ба гуфтаи Комр, Морҷури Тэлор Грин-намояндаи ҷумҳурихоҳ шавоҳиди кофӣ дорад, ки нишон медиҳад писари раиси ҷумҳӯри Амрико қонуни ин кишварро зери по гузошта аст.