Август 16, 2023 14:36 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Трамп ба кайфархости додгоҳи

Раисиҷумҳури собиқи Амрико ҳукми кайфархости ҷадид алайҳи худро «парвандасозӣ» хонд.

Ҳайати мунсифаи Додгоҳи шаҳри Фултон дар иёлати Ҷорҷияи Амрико, доналди Трампро ба «адами тамкин дар баробари қонӯн» ва «талош барои ибтоли натоиҷи интихоботи 2020» муттаҳаму ҳукми боздошти вайро содир кард.

Вай ба ҳамроҳи 18 тан аз мақомоти собиқи давлати Амрико то таърихи 25 август муҳлат доранд то таслими додгоҳ шаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Доналд Трамп дар вокуниш ба ҳукми боздошташ тавассути ҳайати мунсифаи додгоҳи шаҳри Фултон дар иёлати Ҷорҷия гуфт, «парвандасозӣ ҳамчунон идома дорад!».

Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ мавсӯм ба « social truth» навишт, (ин кайфархост) аз назари ман, фиребкорӣ ва тақаллубаст!

Вай афзуд, чаро онҳо 2.5 пеш кайфархост содир накарданд? Чун мехостанд дуруст дар буҳбуҳаи корзори интихоботии ман ин корро бикунанд.  Попушу парвандасозӣ!

 

Барчасп