Маҳкумияти ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ аз сӯйи Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид
(last modified 2023-08-17T07:46:06+00:00 )
Август 17, 2023 12:46 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ аз сӯйи Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид
    Маҳкумияти ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ аз сӯйи Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид

Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе ҳамлаи террористии ахир ба ҳарами Шоҳчароғро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши Ирно, дар баёнияи Шурои анмияти Созмони Миллали Муттаҳид омадааст, ки аъзои Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳамлаи террористии буздилона ба мардуми бегуноҳ ва зоирон дар ҳарами Шоҳчароғи Шерозро, ки масъулияти ин ҳамлаи террористи, ки бар уҳдаи ДОИШ буда ва мунҷар ба кушат шудани ду эронӣ ва маҷрӯҳ шудани 8 нафари бегуноҳ шудааст, ба шиддадтарин ваҷҳ маҳкум карданд.

Аъзои Шурои амнияти Созмони Миллаи Муттаҳид маротиби  ҳамдарди ва таслияти амиқи худро бо хонаводаи қурбониён ва давлати Ҷумҳӯрии Исломии Эрон иброз карданд ва барои маҷрӯҳон шафои комил орзӯ ва бори дигар таъкид карданд, ки терроризм дар ҳамаи ишкол ва мазоҳири он яке аз ҷиддитарин таҳдидҳо барои сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ аст.

Аъзои Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчунин таъкид карданд, ки ҳар гуна иқдоми террористӣ сарфи назар аз ангезаи онҳо, дар ҳар замон ва тавассути ҳар касе, ки муртакиб шуда бошад, муҷримона ва ғайри қобили тувҷиҳ аст.

Як омили такфирӣ асри якшанбе бо силоҳи гарм вориди ҳарами муттаҳарӣ ҳазарти Аҳмад бини Мусо (а) дар Шероз шуд ва аз вурӯдии он иқдом ба тирандозӣ ба самти зоирон ва ходимон кард.

Дар ин ҳодиса 2 нафар шаҳид, 5 нафар маҷрӯҳ ва 2 нафар масдум шудаанд.