Тафсир: Сафари Раисӣ ба Йоханнесбург; Азми Эрон барои узвият дар БРИКС
Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳоршанбешаб қабл аз азимат ба Африқои Ҷанубӣ барои ширкат дар иҷлоси БРИКС гуфт: БРИКС тавониста кишварҳои мустақилро бо ҳадафи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва муқобила бо якҷонибагароӣ, даври ҳам ҷамъ кунад ва ҳадафи мо ҳамкорӣ бо ин ҷамъ аст.
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа ва Муҳаммади Ҷамшедӣ, муовини сиёсии дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи ҳамроҳони Саидиброҳими Раисӣ дар ин сафар ҳастанд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин сафар, илова бар ширкату суханронӣ дар понздаҳумин нишасти БРИКС, ки сарони 70 кишвари ҷаҳон ба он даъват шудаанд, бо шуморе аз сарони кишварҳои ҳозир дар ин иҷлос низ дидору гуфтугу хоҳад кард.
Қарор аст дар нишасти Йоханнесбург, дар бора меъёрҳо, фароянд ва замонбандии пазириши кишварҳои мутақозӣ дар гурӯҳи БРИКС тавофуқ шавад.
BRICS номи гуруҳе ба раҳбарии қудратҳои навзуҳӯри иқтисодӣ аст, ки аз ба ҳам пайвастани ҳурӯфи аввали номи англисии кишварҳои Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанб ташкил шудааст.
Раванди таҳаввулоти иқтисодӣ ва санъатии аъзои БРИКС нишон медиҳад, ки асоси ҳаракату зербинои фикрии шаклгирии ин гуруҳ ба унвони як ташаккули навзуҳӯр, ба манзури нақшофаринӣ дар дунёи чандқутбии оянда ва ба чолиш кашондани назми кунӯнии ҳоким бар низоми байналмилал аст; беҳбӯди низоми пулӣ ва бонкии ҷаҳонӣ, азми ҷиддӣ бар долларзкдоӣ ва тамаркуз бар арзҳои миллӣ, иттихози рӯйкардҳои сиёсии зиддисулта ва мухолифат бо тасаллути Ғарб бар ниҳодҳо ва сохторҳои байналмилалӣ, умдатарин рӯйкардҳои ин гуруҳ маҳсӯб мешавад.
Акнӯн 22 кишвар ба таври расмӣ барои узвият дар БРИКС дархост додаанд ва 22 кишвари дигар низ барои пайвастан ба ин эътилофи ибрози алоқа кардаанд.
Гурӯҳи БРИКС акнӯн як чаҳоруми тавлиди нохолиси миллӣ ва ҳудӯди як сеюм хоки ҷаҳонро дар ихтиёр дорад. Аъзои ин гурӯҳ мехоҳанд бо таъсиси банки БРИКС бо сармояи аввалия 100 миллиарддоллар, қутбе муассир дар низоми пулӣ ва молии ҷаҳон ба вуҷӯд оваранд ва монеъ аз яккатозии доллар дар иқтисоди ҷаҳонӣ шаванд, кома инки тиҷорат бо арзҳои маҳаллӣ ва кишварҳои узв низ дар дастури кори БРИКС қарор дорад.
Ҳамин муаллафаҳо сабаб шуда то кишварҳои дар ҳоли тавсеа ҳамчун Эрон низ мутақозии узвият дар БРИКС бошанд то дар ниҳоде, ки бар пояи гуфтугӯ ва шарокат бино ниҳода шудааст, саҳми бештаеӣ аз тиҷорати ҷаҳонӣ бибаранд.
Эрон ҷузви аввалин кишварҳое аст, ки тақозои узвият дар гуруҳи БРИКС-ро матраҳ кардааст; авомиле ҳамчун тавлиди нохолиси дохилӣ, ҷамъият, масоҳат, захоири манобеи табиӣ, нақши сиёсӣ ва амниятӣ дар минтақа, ҷаҳон ва робита бо кишварҳои узв, аз ҷумлаи меъёрҳо барои пазириши узви ҷадид дар БРИКС маҳсӯб мешавад; албатта ҳамаи аъзои БРИКС аз узвияти Эрон дар ин эътилофи ҳимоят ва истиқбол карда ва ба таври вижа Чину Русия бар лузӯми узвияти кишварҳои ҷадид таъкид кардаанду Эронро яке аз кишварҳои дорои потансиал барои ҳузур дар ин гуруҳи иқтисодӣ донистаанд.
Барои Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ахирани узви Созмони Ҳамкории Шанхай шудааст, пайвастан ба БРИКС иқдоме дар ростои тақвияти равобити сиёсӣ ва тиҷорӣ бо созмонҳои минтақаӣ маҳсӯб мешавад; Эрон бо узвият дар ин гурӯҳ метавонад аз тариқи Африқои Ҷанубӣ ва ҳамчунин Бразилия тиҷорати худро дар қораи Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ густариш диҳад, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дар бахши энержӣ, транзит, сохтумонсозӣ, ҷодасозӣ ва фаъолиятҳои донишбунён ва судӯри хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ аз тавоноӣ ва зарфиятҳои болое бархӯрдор аст, ки мавриди таваҷҷуҳи аъзои БРИКС қарор дорад.
Дар бкъди сиёсӣ низ ҳамкорӣ ва узвияти Эрон дар БРИКС дорои аҳамият аст, эътилофи БРИКС бидуни мушорикати Аврупо ва Амрико ташкил шудааст ва бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои якҷониба ва фишорҳои сиёсии Амрико ва Аврупо бар Эрон, Теҳрон ба гурӯҳи БРИКС бавижа Чин, Русия ва Ҳинд ба унвони ҷойгузин Ғарб менигарад, ки метавонад аз таъсироти ин таҳримҳо ва фишорҳои сиёсӣ бикоҳад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ бо баёни инки Эрон иртиботи худ бо кишварҳои мустақили дунёро дар дастури кори сиёсати хориҷӣ қарор дода, гуфтааст: "Бидуни тардид БРИКС имрӯз қудрати навзуҳӯр дар ҷаҳон асту бинои Эрон ҳамкорӣ бо ин гуруҳ аст. БРИКС зарфиятҳое дорад ва дар муқобил зарфиятҳои Эрон низ барои ин гуруҳ ҷаззоб аст, ки метавон бо ҳамкориҳо мутақобил аз ин зарфиятҳо ба хубӣ истифода кард."
Бадеҳист, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо рӯи кор омадани давлати сездаҳум ба раёсати Раисӣ, меҳвари тақвияти равобити сиёсӣ ва тиҷорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва низ муттаҳидони худ дар шарқро тақвият карда, рӯйкарде, ки ҳадаф аз он боз кардани иқтисоди Эрону муқобила бо таҳримҳои иқтисодии Амрико аст. Дар воқеъ сиёсати хориҷии Эрон дар ин муддат дар пайи тавсеаи муносиботу густариши ҳамкориҳои чандҷонибаи байналмилалӣ бо ин даст кишварҳо дар қолаби талош барои узвият дар созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳамонанди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони Ҳамкории Шанхай будааст; акнӯн пайвастан ба БРИКС-ро метавон гоми баъдии дипломасии иқтисодии Эрон барои афзоиши муносиботи чандҷонибаи байналмилалӣ ва минтақаӣ арзёбӣ кард.
Бештар бихонед: