Ройзании дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо ҳамтоёни худ дар нишасти БРИКС
(last modified 2023-07-25T10:16:12+00:00 )
Июл 25, 2023 15:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар нишасти БРИКС
    Ҳузури дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар нишасти БРИКС

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Африқои Ҷанубӣ бо ҳамтоёни худ дар нишасти дӯстони БРИКС дидору ройзанӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ имрӯз (душанбе) барои ширкат дар нишасти дабирону мушовирони амнияти миллии дӯстони БРИКС бо истиқболи мақомоти Африқои Ҷанубӣ ва сафири Эрон дар Африқои Ҷанубӣ вориди Претория шуд.

Аҳмадиён пас аз вуруд ба Претория, озими маҳалли баргузории конфронси дӯстони БРИКС дар Ҷоҳаннесбург шуд.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар ин сафар илова бар ширкат ва суханронӣ дар нишасти дӯстони БРИКС, дар ҳошияи ин нишаст бо теъдоде аз ҳамтоёни худ низ дидор хоҳад кард.

 

Барчасп