Август 29, 2023 10:27 Asia/Dushanbe
  • Амрико ҳамвора дар муқобили пештрФтҳои чин дар ҳавзаҳои мухталифи монеъ тарошӣ мекунад
    Амрико ҳамвора дар муқобили пештрФтҳои чин дар ҳавзаҳои мухталифи монеъ тарошӣ мекунад

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин аз Амрико ба далели боздошт, бозҷӯӣ ва ихроҷи донишҷӯёни он кишвар дар Амрико интиқод кард.

Амрико ҳамвора дар муқобили пешрафтҳои Чин дар ҳавзаҳои мухталифи монеътарошӣ мекунад.

Рақобати Чину Амрико, ки аз чанд соли пеш дар ҳавзаи иқтисоду тиҷорат оғоз шудааст, акнун ба ҳавзаҳои илмӣ ва фанноварӣ низ кашида шудааст.
Ба гузориши душанбешаби ИРНА, Ванг Венбин-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Чин дар вокуниш ба дастгирӣ ва муттаҳам шудани як донишҷӯи чинӣ ба « сохтакории раводид » тавассути Идораи таҳқиқоти федероли Амрико гуфт : Ин иқдомот " саркӯбу озор ва азияти барқасдона бо ангезаҳои сиёсӣ "аст .
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин таъкид кард : Амрико муддаии ҳимоят аз мубодилоти илмӣ ва истиқбол аз донишҷӯёни чинӣ аст, аммо иқдомоти ин кишвар мунъакискунандаи идомаи рӯйкарди давлати қаблӣ аст, ки шомили нигарониҳои амнияти миллӣ барои маҳдуд кардану мамониат аз омӯзишу таҳқиқи донишҷӯёни чинӣ дар Амрико аст.
Ванг Венбин зимни ҳушдор ба Амрико афзуд: Пекин аз Вашингтон мехоҳад бо донишҷӯёни чинӣ мудоро ва дуруст рафтор кунад, изҳороти табъизомезро пас бигирад ва аз таъқиби донишҷӯёни чинӣ дар Амрико ба ном амнияти миллӣ худдорӣ кунад.

Бештар бихонед :

 

Барчасп