Муттаҳам шудани сенатори амрикоӣ ба ришвахорӣ
(last modified Sat, 23 Sep 2023 08:51:06 GMT )
Сентябр 23, 2023 13:51 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳам шудани сенатори амрикоӣ ба ришвахорӣ

Додситонҳои Иёлоти Муттаҳида сенатор Боб Менендес ва ҳамсарашро ба дарёфти ришва аз 3 тоҷири Нию-Ҷерси муттаҳам карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Чак Шумер-раҳбари аксарияти демократҳои маҷлиси Сенати Амрико рӯзи ҷумъа дар баёнияе гуфто замоне ки сарнавишти ин парванда мушаххас шавад, Менендес ба таври муваққат аз мақоми худ ба унвони раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенат канорагирӣ мекунад.
Дафтари додситонии Иёлоти Муттаҳида дар Манҳеттен эълом кард, Менендес 69 сола ва ҳамсараш садҳо ҳазор доллар пул нақд ва шимши тиллоро дар изои истифода аз қудрату нуфӯзи худ ба унвони сенатори аршади Нию-Ҷерсӣ дарёфт кардаанд то ба гуруҳе аз бозаргонони Нию-Ҷерсӣ дар Миср кумак кунанд.
Менендес ба унвони раиси Кумитаи равобити хориҷии маҷлиси Сенати Амрико муттаҳиди муҳимме барои Ҷо Байден, раиси ҷумҳӯри демократи Амрико будааст.