Сентябр 28, 2023 14:19 Asia/Dushanbe
  • Хурӯҷи 50 ҳазор саканаи арманӣ аз Қарабоғ
    Хурӯҷи 50 ҳазор саканаи арманӣ аз Қарабоғ

Панҷоҳ ҳазор сокини арманӣ дар Қарабоғ пас аз амалиёти низомии Ҷумҳурии Озарбойҷон ин минтақаро ба мақсади Арманистон тарк кардаанд.

Дар ниҳоят пас аз амалиёти низомии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ, аносири муссалаҳи ин минтақа ба тавофукқи сулҳ тан додаанд, ки бар асоси он таслиҳоти худро таҳвил дода ва ҷамъяити 120 ҳазора нафраи армании ин минтақа роҳии Армнаистон мешаванд. Гуфта шуда, ки акнун масирҳои хуруҷӣ аз Қарабоғ пур аз муҳоҷирони арманӣ аст.

Ба гузориши Реутерс. мақомоти маҳалии Қарабоғ дар ҳоли рӯзи чаҳоршанбе аз хурӯҷи беш аз 50 ҳазор нафар аз ҷамъияти 120 ҳазор нафараи армании сокини ин минтақа ба Арманистон хабар доданд, ки Иттиҳодияи Аврупо эълом карда ба манзури кумакрасонӣ ба мрадуми Қарабоғ, кумакҳои башардӯстонаи бештареро роҳии ин минтақа мекунад.

Дар баёнияи Бруксел бо тағири маҳсус ба ҷои ҷумлаи "мардуме,ки тасмим ба тарки сарзамини худ гирифтаанд" ҷумлаи " мардуме, ки чорае ҷузъ фарор аз сарзамини худро надоштаанд", гунҷонда шудааст.

Олмон ба тозагӣ ба ҷамъе аз кишварҳое пайваст, ки аз Ҷумҳурии Озарбойҷон хостаанд иҷозаи назорати байналмиллалиро бар Қарабоғ бидиҳад. Вазири хориҷаи Олмон гуфта ончӣ акунун дар Қарабоғ ниёз аст, шафофият ва назорати ҷомеъаи байналмиллалӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, вузарои хориҷаи Туркия ва Арманистон пиромуни шароити минтақаӣ ва хурӯҷи арманиҳо аз Қарабоғ сооте қабл ба сурати телефонӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд. Ин дар ҳоле аст, ки Анкара муттаҳиди наздики Боку маҳсуб мешаванд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп