Июл 17, 2023 18:12 Asia/Dushanbe
  • Давлати Илҳом Алиев аз баёнияи ахири Вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи вазъияти Қарабоғи кӯҳӣ шадидан интиқод кард
    Давлати Илҳом Алиев аз баёнияи ахири Вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи вазъияти Қарабоғи кӯҳӣ шадидан интиқод кард

Давлати Илҳом Алиев аз баёнияи ахири Вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи вазъияти Қарабоғи кӯҳӣ шадидан интиқод кард.

Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон дар вокуниш ба баёнияи расмии ахири Вазорати умури хориҷаи Русия дар мавриди вазъияти Қарабоғ эълом кард: “Ин баёния бо эъломияи иттиҳоди байни ду кишвар мутобиқат надорад”.

Дар баёнияи дастгоҳи дипломатии ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин омадааст: “Баёнияи Вазорати умури хориҷаи Русия дар рӯзи 15 июни соли 2023 бо изҳори назар дар мавриди баёнияи сеҷонибаи нимашаби нуҳуми ноябри соли 2020 мелодӣ ва раванди сули миёни Боку ва Ереван ҳамхонӣ надорад ва ин мавзеъгирии раҳбарони Маскав ноумедкунанда аст”.

Баёнияи Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳоле мунташир шудааст, ки Вазорати умури хориҷаи Русия дар иртибот бо мавзеъгирии расмӣ перомуни вазъияти атрофи минтақаи Қарабоғи кӯҳистонӣ ибрози нигаронӣ кардаву бо ишораи ин ки вазъияти мавҷуд барои 120 ҳазор сокини минтақаи Қарабоғ дар ҳоли бадтар шудан аст, аз мақомҳои давлати Илҳом Алиев хостааст то иқдомоти фаврӣ барои рафъи инсидоди сареи каридори Лочин ва аз саргирии ҳаракати бидуни монеи мардуми минтақаро дар дастури кор қарор диҳанд.

Вокуниши давлати Боку ба баёнияи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия дар ҳолест, ки Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи шанбе (15 июл) бори дигар бо Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар ҳузури Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо дар Брюссел наздик ба се соат дидору гуфтугӯ карданд.

Пештар Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия пас аз иҷлоси НАТО хоҳони тамҳиди хуруҷи неруҳои сулҳбони Русия аз Қарабоғи кӯҳистонӣ то соли 2025 шуда буд ва расонаҳои Туркия, Боку ва расонаҳои арабиву исроилӣ низ таблиғоти пурҳаҷмеро алайҳи ҳузури Русия дар Қафқоз ва ба хусус дар Қарабоғи кӯҳистонӣ дар дастури кор доранд.

Пеш аз ин Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия пас аз иҷлоси сарони Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар Литва, хоҳони тамҳиди хуруҷи неруҳои сулҳбони Русия аз минтақаи Қарабоғи кӯҳистонӣ то соли 2025 мелодӣ шуда буд.

Дар ҳамин росто, расонаҳои Боку, Анкара ва расонаҳои арабиву исроилӣ низ таблиғоти пурҳаҷмеро алайҳи ҳузури Русия дар Қафқози Ҷанубӣ ва ба хусус дар Қарабоғи кӯҳистонӣ ба роҳ андохтанд. Ин таблиғот дар шароите дар дастури кор қарор гирифтааст, ки мақомҳои Арманистон талош мекунанд бо байналмилалӣ кардани ихтилофҳо бо ҷумҳурии Озарбойҷон, тазминҳои амниятии муҳкамтаре барои арманиҳои Қарабоғ дарёфт кунанд.

Дар ҳамин иртибот, Тигран Григорян, коршиноси сиёсии машҳури Арманистон таъкид кард: «Дар заминаи ҳалли ихтилофҳои тарафайни муноқишаи Қарабоғ ва қарор гирифтан ин минтақаи арманинишин дар чорчӯби ҷумҳурии Озарбойҷон, бояд ба вузуҳ дарк кард, ки бидуни замонатҳои амниятии воқеӣ, бидуни эҷоди ин механизмҳо, суҳбат аз амният ё зиндагии амн барои арманиҳои Қарабоғ дар чорчӯби тамомияти арзии ҷумҳурии Озарбойҷон бемаънӣ аст».

Дар пайи афзоиши таҳрики давлати Илҳом Алиев тавассути Туркия, режими саҳюнистӣ, Амрико, Англия ва Иттиҳоди Аврупо барои пешбурди тарҳҳои Ғарбу НАТО дар минтақаи Қафқоз таҳти пӯшиши "Сулҳ миёни Боку ва Ереван", Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон бо судури баёнияе Русияро ба иҷро накардани тааҳҳудоти Маскав дар таъмини сулҳ миёни Боку ва Ереван ва хориҷ кардани неруҳои мусаллаҳи арманӣ аз Қарабоғи кӯҳистонӣ муттаҳам кардааст. Ин фарозу нишебҳо дар ҳолест, ки мақомҳои Боку ва Ереван бо нақшофарини Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ба дунболи музокира барои ҳалли ихтилофҳои дуҷониба ҳастанд. Дар ҳоле ки дар ин миён Русия ба унвони миёнҷии суннатии онҳо даргири ҷанг бо Украина аст.

Дар як ҷамъбандии куллӣ аз танишҳои мавҷуд дар минтақа, чунин ба назар мерасад, ки мақомҳои давлати Илҳом Алиев ба манзури ворид шудан дар як даргирии ошкор бо Русия то ҳадде аз таниши дипломатӣ ва сиёсӣ бо Эрон низ костааст то битавонад тамомии тавваҷуҳу неруи худро дар таниши дипломатӣ ва расонаӣ бо Русия ба кор гирад. Ин амр пеш аз ин аз сӯи маҳофили сиёсии мустақил низ пешбинӣ шуда буд, ки бо раванди феълӣ эҳтимоли таҷзияи ҷмҳурии Озарбойҷон ва ҳатто Туркия низ дур аз интизор нахоҳад буд. Дар ҳоле ки Русия танҳо умеди давлатҳои Боку ва Анкара барои поён додан ба ихтилофҳои ҷории перомуни Қарабоғ аст, мақомҳои Боку ба таҳрики бегонагон ба ҷанг бо Русия ва таҳдиди ин кишвар бархестаанд.

Ба далели ҳамин хомнигарӣ неруҳои вобаста ба Русия дар Бокӯ давлати Алиевро ба худдорӣ аз таниши ҷиддӣ бо Маскав тавсия мекунанд то давлати Илҳом Алиев вориди марҳалаи хатарноке аз таниш бо Русия нашавад ва аз хисоратҳову зиёнҳои ин танишҳо дар амон бошад.

 

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп