Радди иттиҳоми ришвахорӣ аз сӯи Менендес
(last modified Thu, 28 Sep 2023 13:23:49 GMT )
Сентябр 28, 2023 18:23 Asia/Dushanbe
  • Радди иттиҳоми ришвахорӣ аз сӯи  Менендес

Сенатори демократ Боб Менендес ва ҳамсараш иттиҳоми ришвахориро дар додгоҳ рад карданд.

Додситонҳои Иёлоти муттаҳида ба тозагӣ Боб Менендес ва ҳамсарашро ба дарёфти ришва аз се тоҷири иёлати Нию-Ҷерсӣ дар Миср муттаҳам карданд.
Коршиносони сиёсӣ муътақиданд ин мавзӯъ метавонад талошҳои демократҳоро барои ҳифзи аксарияти шиканандаи худ дар маҷлиси Сенати Амрико дар интихоботи соли оянда бо мушкил мувоҷеҳ кунад.
Ба гузориши ИРНА, Боб Менендес ва ҳамсараш рӯзи чаҳоршанбе дар додгоҳе дар Нию-Йорк иттиҳоми дарёфти шимши тилло ва садҳо ҳазор доллар пулро дар ивази аъмоли нуфӯз барои кумак ба Миср рад карданд.
Бисёре аз аъзои демократу ҷумҳӯрихоҳи Конгресси Амрико истеъфои Боб Менендеси 69 соларо хосторанд, вай зимни радди дархости онҳо гуфтааст барномае барои истеъфо надорад ва ҷое намеравад.