Фаронса садои худро дар ҷаҳон аз даст додааст
Ҳафтаномаи «Лу Пен» дар гузорише таҳлилӣ навишт, Фаронса садои худро дар ҷаҳон аз даст додааст.
Ҳафтаномаи фаронсавии "Ле Пойинт" рӯзи чаҳоршанбе дар гузорише бо титри «Чӣ гуна Фаронса садои худро дар ҷаҳон аз даст дод?», роҳбурди сиёсати хориҷии Фаронсаро пкр аз ноҳамоҳангиҳову иштибоҳот арзёбӣ кард ва онро омиле барои аз даст додани садои ин кишвар дар ҷаҳони сиёсат донист.
Лук де Бориша, таҳлилгари ин ҳафтанома шоҳиди иддаоии худро хуруҷи неруҳои фаронсавӣ аз Нигерия, ки ба дунболи Мали ва Буркино рух дод, унвон ва онро риққатангез арзёбӣ кард.
Вай дар ин гузориши таҳлилӣ бо ишора ба ин ки имсол раиси ҷумҳурии Фаронса аз рафтан ба Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк, ки як ойини сатҳи болои дипломатӣ аст,худдорӣ кардааст, таъкид кард, ин рӯзҳо сиёсати хориҷии раиси ҷумҳурии Фаронса ноумедкунанда аст.