Ҳимояти Малайзия аз раванди долларзудоӣ дар муомилот
Малайзия ба ҳазфи доллари Амрико аз тиҷорати байналмилалӣ тасмим гирифтааст.
Ба дунболи истифодаи абзории Амрико аз анҷоми муомилоти байналмилалӣ бо доллар, бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба канор гузоштани воҳиди пули миллии ин кишвар дар тиҷорат тасмим гирифтаанд.
Дар моҳҳои ахир раванди долларзудоӣ аз муомилот шиддат гирифтааст. Бархе кишварҳо, аз ҷумла Эрон, Русия, Чин, Ҳинд ва ба тозагӣ Малайзия бо ҷиддияти бештаре ҳазфи доллар аз муомилотро дар дастури кори худ қарор додаанд.
Малайзия бо ҳадафи муқобила бо султаи доллари Амрико, роҳи гуруҳи Бриксро дар заминаи долларзудоӣ дунбол мекунад.
Анвар Иброҳим, нахуствазири Малайзия рӯзи сешанбе дар ҷамъи намояндагони порлумон эълом кард, ин кишвар қасд дорад ба вобастагӣ ба доллари Амрико дар тиҷорати ҷаҳонӣ поён бахшад.
Ин мақоми малайзияӣ дар ҷамъи намояндагони порлумон, афзоиши мавориди истифода аз ринггит дар додуситад бо Чин (аз аъзои БРИКС) ва коҳиши муомилот бо доллари Амрикоро бахше аз барномаи долларзудоии худ тавсиф кард.
Арзиши ринггити малайзияӣ дар баробари доллар аз ибтидои соли ҷорӣ 7. 6 дарсад коҳиш ёфтааст.
Гуфтанӣ аст, кишварҳои ҷаҳон барои раҳоӣ аз султаи Ғарб дар гуруҳҳои иқтисодие ҳамчун Гуруҳи 7, Гуруҳи 20, барои пайвастан ба гуруҳи БРИКС, муташаккил аз қудратҳои навзуҳури Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ ибрози тамоюл мекунанд.
Ҷумҳурии исломии Эрон, Аргентина, Эфиопия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ ва Миср аз январи 2024 ба ин гуруҳи иқтисодӣ мулҳақ хоҳанд шуд.
Ҳазфи доллар яке аз аҳдофи ҳамаи аъзои БРИКС аст.