Декабр 29, 2016 18:46 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши парлумони Афғонистон ба пешниҳоди нишасти Маскав дар бораи Толибон

Муовини раиси палатаи болоии Афғонистон гуфт, ҳеҷ кишваре ҳақ надорад, хориҷ кардани номи саркардагони Толибонро аз феҳристи сиёҳи Созмони Милал Муттаҳид дархост кунад.

Ба гузориши радиои паштуии бурунмарзии Эрон, Ҳасибуллоҳ Калимзай, муовини раиси палатаи болоии парлумони Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба пешниҳоди нишасти ахири сеҷонибаи Русия, Чин ва Покистон дар Маскав гуфт, фақат Ҳукумати Афғонистон ҳақ дорад, дар бораи хориҷ кардани номи саркардагони Толибон аз феҳристи сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид тасмим бигирад.

Намояндагони Русия, Чин ва Покистон рӯзи сешанбе дар Маскав, дар иҷлоси сеҷонибае, ки дар бораи Афғонистон баргузор шуд, эълом карданд, ҳар се кишвар хоҳони хориҷ кардани номи саркардагони Толибон аз феҳристи сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон моҳи гузашта аз Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хоста буд, Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, саркардаи Толибонро вориди феҳристи сиёҳи худ кунад.

Баргузории нишасти сеҷонибаи Маскав дар бораи Афғонистон бидуни ҳузури намояндаи ин кишвар бо вокуниш‎ҳои тунди ҳукумат ва намояндагони парлумони Афғонистон рӯ ба рӯ шудааст.

 

Барчасп