Октябр 19, 2023 10:43 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи нишасти фавқулодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар бораи таҷовузоти режими саҳюнистӣ
    Баёнияи нишасти фавқулодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар бораи таҷовузоти режими саҳюнистӣ

Кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар баёнияи муштараке зимни таъкид бар меҳварияти масаълаи Фаластин ، хостори бозгушоии фаврии гузаргоҳҳо барои кумакрасонӣ ба мардум Ғазза шуданд.

Нишасти фавқулодаи Кумитаи иҷроии Созмони Ҳамкории Исломӣ бо ҳузури вузарои хориҷа ва  мақомоти кишварҳои узв имрӯз дар Ҷадда баргузор шуд.

Ба гузориши шабакаи « Ал-Ахбория »,кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ,  шомгоҳи имрӯз ( чаҳоршанбе ) , дар бораи таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза баёнияи  муштарак содир карданд.

Кишварҳои узви ин Созмон дар баёнияи  муштараке хостори таваққуфи фаврии таҷовузоти ваҳшиёнаи неруҳои ишғолгари Исроил алайҳи мардуми Фаластин дар Навори Ғазза ва бардоштани муҳосира таҳмил шуданд.

Дар ин баёния ҳамчунин аз ҷомеъаи байналмиллалӣ хоста шуда барои ироаи кумакҳои башардӯстона,  пизишкӣ. имдодрасонии фаврӣ, обрасонӣ ва  барқрасонӣ, бозгушои фаврии гузаргоҳҳои инсонии амн барои ирсоли кумакҳои изтирорӣ ба Навори Ғазза иқдом кунанд.

Кишварҳои узви ин Созмон дар айни ҳол бар меҳварияти масаълаи Фаластин барои тамоми уммати исломӣ, ҳимоят аз ҳуқуқи мусаллами мардуми Фаластин ба вижаи ҳаққи таъйини сарнавиштва  бозгашти оворагони фаластинӣ,  ҳаққи истиқлол ва  шаклгирии кишвари Фаластин таъкид карданд .

Барчасп