Октябр 31, 2023 20:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳамакнун рӯзона беш аз 420 кӯдак дар Ғазза бар асари ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба шаҳодат мерасанд
    Ҳамакнун рӯзона беш аз 420 кӯдак дар Ғазза бар асари ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба шаҳодат мерасанд

Мудири иҷроии ЮНИСЕФ гузорише аз вазъияти вахиму ғайриинсонии кӯдакон дар навори Ғазза, таҳти таъсири ҳамалоти маргбори режими саҳюнистӣ ба Шӯрои амнияти Созмони Милал ироа дод.

Кетрин М. Рассел, мудири иҷроии ЮНИСЕФ гуфт, пас аз гузашти беш аз се ҳафта аз идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ, оморҳои ваҳшатноке аз зиндагии ҳазорон кӯдак дар Ғазза, ки ҷони худро аз даст дода ва ё дар шароити ҷангии асафноке қарор доранд, мунташир мешавад.

Тибқи омори Вазорати беҳдошти Фаластин то кунун беш аз 8 ҳазору 300 нафар фаластинӣ дар асари ҳамалоти режими саҳюнистӣ шаҳид шудаанд. Аз ин теъдод беш аз 3 ҳазору 400 нафар кӯдак будаанд ва беш аз 6 ҳазору 300 кӯдаки дигар ҳам маҷруҳ шудаанд.

Ҳамакнун рӯзона беш аз 420 кӯдак дар Ғазза бар асари ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба шаҳодат мерасанд.

Тибқи гузоришоти мунташиршуда аз сӯи ЮНИСЕФ, ҳаддиақал 221 мактаб ва беш аз 177 ҳазор воҳиди маскунӣ ҳам осеб дида ва ё вайрон шудааст.

Дар айни ҳол 2 миллион нафар дар ниёзи мубрам ба оби ошомиданӣ қарор доранд. Ин дар ҳолест, ки наздик ба 55 дарсад аз зерсохтҳои обӣ низ осеб дидаву ниёз ба таъмироти фаврӣ дорад.

 

Барчасп