Пайвастани духтархондаи Камила Ҳаррис ба ҳомиёни Ғазза
-
Духтархондаи Камила Ҳаррис ба сафи ҳомиёни кӯдакони Ғазза пайваст
Духтархондаи Камила Ҳаррис, муовини Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико ба сафи ҳомиёни кӯдакони Ғазза пайваст.
Шумори шуҳадои фаластинӣ аз ҳафтуми октябр то кунун ба нуҳ ҳазору 770 нафар расидааст, ки аз ин теъдод чаҳор ҳазору 800 нафар кӯдак ҳастанд.
Ба гузориши рӯзи душанбеи хабари бурунмарзӣ, Элла Эмҳофф (Ella Emhoff), духтархондаи Камила Ҳаррис, муовини раиси ҷумҳурии Амрико ба гуруҳи мубаллиғони ҳимоят аз кӯдакони Ғазза пайваст.
Элла Эмҳофф тарроҳи маъруфи либос дар Амрико аст, ки духтари Дог Эмҳофф, шавҳари яҳудии Камила Ҳаррис аст.
Ин духтари 24 сола линки сандуқи кумак ба кӯдакони фаластиниро барои дунболкунандагонаш дар Инстаграм, ки ба 315 ҳазор нафар мерасад, ба иштирок гузошт.
Яке аз аъзои Кумитаи амнияти дохилии Маҷлиси намояндагони Амрико дар вокуниш ба ин мавзуъ гуфт, агар бихоҳам содиқ бошам, бояд бигӯям, ки ман ба навъе аз ин мавзуъ шигифтзада шудаам ва ин мавзуъ то ҳадди зиёде нигаронкунанда аст.
Пӯиши ҳимоят аз кӯдакони Ғазза тавассути мардуми Амрико эҷод шудааст ва кӯдакон 50 дарсад аз ширкаткунандагони онро ташкил медиҳанд.