Қадрдонии Трамп аз вокуниши Путин нисбат ба ихроҷи дипломатҳои рус
https://parstoday.ir/tg/news/world-i10882-Қадрдонии_Трамп_аз_вокуниши_Путин_нисбат_ба_ихроҷи_дипломатҳои_рус
Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико дар як паёми твиттерӣ тасмими Владимир Путинро дар робита ба ихроҷ накардани дипломатҳои амрикоӣ ситоиш кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 31, 2016 13:03 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Трамп аз вокуниши Путин нисбат ба ихроҷи дипломатҳои рус

Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико дар як паёми твиттерӣ тасмими Владимир Путинро дар робита ба ихроҷ накардани дипломатҳои амрикоӣ ситоиш кард.

Ба гузориши  ИРНА, Трамп иқдоми Маскавро  дар робита ба ихроҷ накардани дипломатҳои амрикоӣ ҳаракати фавқулодда хонда гуфтааст, ки ӯ ҳамеша медонист, Путин марди зираке аст.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба иқдоми ҳукумати Обама барои ихроҷи 35 дипломати рус аз ин кишвар гуфт, Маскав дипломатҳои амрикоиро ихроҷ намекунад ва дипломатияи худро то сатҳи ошпазхона поин намеорад. Ӯ дар айни ҳол таъкид кардааст, Маскав ҳаққи иқдоми мутақобилро барои худ маҳфуз медонад, вале бар асоси манфиатҳои миллӣ ва хирадмандӣ амал хоҳад кард. Раисҷумҳури Русия гуфт, “хонаводаҳои дипломатҳои амрикоиро низ аз ҳузур дар маконҳое, ки маъмулан дар оғози Соли Нав гирди ҳам меоянд, манъ нахоҳем кард”. Ӯ гомҳои ғайрдӯстонаи ҳукумати Обамаро дасисаҷӯёна хонд, ки барои зарбаи бештар задан ба равобити Русия ва Амрико ҳадафгирӣ шудаанд.

Обама рӯзи панҷшанбе дар посух ба ҳамлаи кибернетие, ки гӯё аз ҷониби Русия анҷом шуда бошад, зимни таъйиди маҷмӯае аз таҳримҳо алайҳи Маскав 35 дипломат русро аз Амрико ихроҷ карда, ба онҳо 72 соат фурсат дод, то хоки Амрикоро тарк кунанд. Аз сӯи дигар Вашингтон ду муҷтамаи русиро дар Мэриленд ва Ню-Йорк ба иддаои анҷоми фаъолиятҳои ҷосусӣ баст.