Декабр 31, 2016 18:08 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия:Дипломатҳои рус Амрикоро тарк кунанд

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, 96 дипломати рус ба ҳамроҳи аъзои хонаводаҳояшон Амрикоро тарк кунанд.

Ба гузориши хабаргузории ИТАР ТАСС, Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия афзуд, бархе аз дипломатҳои русӣ, ки давлати Амрико ононро унсури номатлуб эълом кардааст, ду моҳ пеш вориди ин кишвар шудаанд ва чигуна тавонистаанд дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дахолат дошта бошанд.

Кохи Сафед дар ҷадидтарин иқдоми зидди русии худ, 35 дипломати Русияро аз Амрико ихроҷ ва таҳримҳо низ зидди шаш мақом ва панҷ ниҳоди русӣ ба унвони посухе ба ҳамлаи сайберӣ нисбат ба Русия вазъ кард.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, Русияро ба ҳамлаи сайберии зидди системаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ва кӯмак ба пирӯзии Доналд Трамп, раисиҷумҳури мунтахаби Амрико муттаҳам кардааст. Маскав бо радди тарҳи иттиҳоми Амрико,онро беасос хондааст.

 

 

Барчасп