Дархости Ҷопон аз Эрон барои ифои нақши миёнҷигарӣ
Ҷопон аз Эрон ва Уммон тақозо кард барои озодии киштии дар кантроли ҳусиҳо миёнҷигарӣ кунад.
Бархе манобеи киштии тавқиф шуда дар обҳои наздик ба Яманро ҷопонӣ муаррифӣ карда ва ҳусиҳои Яманро масъӯли тавқифи ин кишти муаррифӣ мекунанд.
Токиё бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи минтақаии Эрон, аз Теҳрон хостори миёнҷигарӣ барои озодии ин киштӣ ва хадамаи он шудаанд. Ин дар ҳоле аст, ки ҳусиҳо эълом кардаанд, ки як киштии мутаъаллиқ ба режими саҳюнистиро тавқиф кардаанд.
Хабаргузории Шафиқано имрӯз душанбе ба нақл аз гордиян гузориш дод, Ҷопон аз Эрон барои миёнҷигарӣ бо ҳадафи раҳоии киштии тавқиф шудаи дархости кумак кардааст.
Сухангӯи аршади давлати Ҷопон низ ҳусиҳои Яманро масъӯли тавқифи ин киштии борӣ дар ҷануби дарёии Сурх муаррифӣ кард ва аз онҳо хостори раҳои ин шиновар шуд.
Ҷопонидархости мушобеҳиро ба мақомоти Саъудӣ ва Уммонӣ ироа кардааст.
Ҳироказу Матсуно сухангӯи аршади давлати Ҷопон, имрӯз душанбе тасарруфи киштии « Гликси Ледир » таҳти кантроли ширкати « Ниппун Юсен »ро таъйид кард. Тибқ додаҳои гуруҳи бурси Лондон ширкати аслии кантролкунанда ин киштӣ дар Тел-Авив сабт шудааст.