Ноябр 25, 2023 14:31 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Чин: Робитаҳои хубе бо Русия ва Эрон дорем

Вазири хориҷаи Чин гуфт: Робитаҳои хубе бо Русия ва Эронро ба таври муназзам ҳифз мекунем ва ба думболи ҳаллу фасли ҳамаи масоил аз тариқи гуфтугӯи сиёсӣ ва созанда ҳастем.

Ванг Йи рӯзи ҷумъа дар конфронси матбуотии муштарак бо Катрин Колино, вазири умури хориҷаи Фаронса дар Пекин гуфт, ки мо натанҳо бо Русия ва Эрон, ин ду кишвар балки бо дигар кишварҳо аз ҷумла Фаронса низ равобити бисёр хубе дорем.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, мутобиқи оморҳо сармоягузории Чин дар соли 2022 дар Эрон рушди 150 дарсадӣ дошта, ки ин мизон аз рушди сармоягузорӣ, фаротар аз ҳаҷми мутавассити сармоягузории Чин дар дигар кишварҳо будааст.

 Тиҷорати байни Чин ва Русия ҳам дар нимаи нахусти соли ҷории милодӣ ба 93.8 миллиард доллар расид, ки нисбат ба соли гузашта ҳудуд 40 дарсад афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп