Декабр 22, 2023 19:58 Asia/Dushanbe
  • Талафоти зилзила дар вилояти Гансуи Чин
    Талафоти зилзила дар вилояти Гансуи Чин

Шумори талафоти заминларзаи устони Гансу, дар шимоли шарқи Чин ба 144 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши ИРНА, ба нақл аз расонаҳои Чин, шумори талафоти зилзилаи бомдоди сешанбе ба вақти маҳаллӣ дар устони Гансу ба 144 тан афзоиш ёфтааст.

Вилояти Гансу - Чин

 

Дар пайи заминларзаи 6.2 дар миқёси амвоҷи дарунии замин (риштер), ки бомдоди сешанбе ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи Ҷи Шишон, дар устони Гансу, дар шимоли ғарби Чин рух дод, то кунун 144 нафар кушта ва афзун бар 700 нафар маҷруҳ шуданд. Ин зилзила боиси тахриб ё осеб ба ҳазорон воҳиди маскунӣ шуд.

Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии Чин аз масъулони ин минтақа хост то бо тавваҷуҳ ба ҳавои сард, неруҳои имдодӣ тамоми талоши худро дар ҷиҳати ҷустуҷӯ ва наҷоти бозмондагон дар ин минтақа ба кор бигиранд.

Ба навиштаи “Синхуа”, зилзила дар минтақаи Ҷи Шишони устони Гансу ба 6 ҳазору 381 сохтмон хисорат ворид карда ва то кунун 32 пасларза сабт шудааст.

Ҳамчунин мақомҳои роҳи оҳан ҳаракати қаторҳо дар манотиқи зилзилазадаро мутаваққиф кардаанд.

 

Барчасп