Русия: Ҳар созмони байналмилалӣ бояд ба ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза «на» бигӯяд
(last modified 2023-12-23T08:29:31+00:00 )
Декабр 23, 2023 13:29 Asia/Dushanbe
  • Русия: Ҳар созмони байналмилалӣ бояд ба ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза «на» бигӯяд

Намояндаи Думаи давлатии Русия гуфт, ҳар кишвар ва созмони байналмиллалӣ дар ҳар фурсате бояд ба ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза «на» бигӯяд ва мавзеъи худро мушаххас кунад.

Ба гузориш радио тоҷики садои Хуросон, Анатолий Виберни-намояндаи Думаи давлати Русия ва раиси комиссияи масоили дифоъӣ ва амнияти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар посух ба саволи ИРНА дар бораи нақши созмонҳои байналмиллалӣ дар шароити имрӯзи ғарби Осиё ва ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза гуфт, дар ҳар рӯйдоди байналмиллалӣ бояд ба ин ҳамалот «на» гуфт ва тамоми аъзои ширкаткунанда дар иҷлоси Созмони паймони амнияти ҷамъӣ низ мавзеъи ошкори худро дар мухолифат бо ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза эълом карданд.

Анатолий Виберни бо ишора ба шаҳодати беш аз 20 ҳазор нафар дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, ки афзун бар 14 ҳазор тан аз онон зан ва кӯдак буданд, таъкид кард, ин ҳамалот барои аз байн бурдани инсонҳои бегуноҳ ба роҳ афтодааст.

 Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ҳафтуми октябр 2023 амалиёти «тӯфони ал-Ақсо»-ро аз Ғазза алайҳи мавозеъи режими Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ, (24 ноябр 2023) оташбаси муваққати чаҳоррӯза ё ҳамон танаффус барои табодули асирон миёни Ҳамос ва режими Исроил барқарор шуд.

 

 

Барчасп