филм / Баргузории маросими ёдбуди шаҳид Мусавӣ дар Нигерия
Маросими ёдбуди шаҳид Сайидразӣ Мусавӣ- мушовири баландпояи эронӣ дар Сурия бо ҳузури густурдаи мардуми шаҳри Конуи Нигерия баргузор шуд.
Сардор Сайидразӣ Мусавӣ, аз мушовирони неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки дар ҳавзаи пуштибонӣ аз меҳвари муқовимат дар Сурия фаъолият дошт, дар ҷараёни ҳамлаи рӯзи душанбе (25 декабр)-и режими саҳюнистӣ ба минтақаи Зайнабияи Димишқ ба дараҷаи рафеъи шаҳодат ноил омад.
Ӯ ёр ва ҳамроҳи сардори сипаҳбуди шаҳид Қосими Сулаймонӣ-фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ буд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; ширкаткунандагон дар ин маросим ёду хотираи ин фармондеҳи шаҳиди меҳвари муқовиматро гиромӣ доштанд.
Шайх Санусӣ Абдулқодир-узви аршади Ҷунбиши исломии Нигерия дар маросими ёдбуди шаҳид Сайидразии Мусавӣ дар Кону гуфт: "Террори мусташорони эронӣ тавассути Амрико ва Исроил, меҳвари муқовиматро тазъиф накард, балки муқовимат аз ҳамеша қавитар шудааст.Муқов имати Фаластин бо амалиёти "туфони ал-Ақсо" режими террористии саҳюнистиро таҳқир кард ва нишон дод муқовимат ҳамчунон қудратманд аст.
Узв аршади Шӯрои олии сиёсии Яман низ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории Эронпресс, гуфт: шаҳид Сайидразӣ Мусавӣ дар тақвияти меҳвари муқовимат нақши муҳимме дошт.
Султон Сомеъӣ афзуд: Ҷинояти террори сардор Мусавӣ дар чорчуби ҳадаф қарор додани раҳбароне аст, ки нақши муҳимме дар эҷод ва тақвияти меҳвари муқовимат доштанд.
Султон Сомеъӣ хотирнишон кард: бо шаҳодати сардор Мусавӣ, уммати ислом, ёри сардори шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймониро аз даст дод, ки нақши муҳимме дар ҳимоят аз ормони Фаластин ва меҳвари муқовимат дошт.
Ӯ таъкид кард: Интиқоми хуни сардори шаҳид Мусавӣ аз режими ҷинояткори саҳюнистӣ гирифта хоҳад шуд; Режиме, ки ин рӯзҳо мардуми Фаластинро дар борикаи Ғазза қатли ом ва нобуд мекунад.
Узв аршади Шӯрои олии сиёсии Яман гуфт: Режими ғосиби саҳюнистӣ, режими ҷангталаб аст ва мардум ва созишкорон бояд дар баробари ин режим ҳушёр бошанд.