Таҷаммуи зидди саҳюнистии мардуми Малайзия муқобили сафорати Амрико дар Куала-Лумпур
(last modified Sat, 30 Dec 2023 14:17:18 GMT )
Декабр 30, 2023 19:17 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуи зидди саҳюнистии мардуми Малайзия муқобили сафорати Амрико дар Куала-Лумпур

Мардуми Малайзия бо барпоии таҷаммуи зидди саҳюнистӣ муқобили сафорати Амрико дар Куала-Лумпур аз миллати Фаластин дар муқобили режими ҷинояткори саҳюнистӣ, ҳимоят карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, намояндагони сад созмони мардумниҳоди Малайзия бо барпоии чодарҳое наздики сафорати Амрико дар Куала-Лумпур, пойгоҳи собит ва доимӣ зидди саҳюнистии худро дар ҳимоят аз мардуми бепаноҳи Ғазза ва Фаластин эҷод карданд.

Пойгоҳе, ки ба иллати ҳимоятҳои бешармона ва густардаи Амрико аз режими ҷаллоди саҳюнистӣ наздики сафорати Вашингтон дар Куала-Лумпур ба сқрати шабонарӯзӣ фаъол аст ва мизбони муътаризони хашмгине аст, ки ҳамвора шиори марг бар Амрико ва марг бар Исроил сар медиҳанд.

Намояндагони гуруҳҳои исломии мардумниҳоди Малайзия эълом кардаанд, ин пойгоҳ то замони таваққуфи комили наслкушии режими саҳюнистӣ бо шиорҳои зидди амрикоӣ ва зидди саҳюнистии зидди қотилони мардуми мазлӯми Ғазза ба сӯрати 24 соата фаъол аст.

Таҷаммуъкунандагон аз Амрико хостанд, ки ҳимояташро аз режими саҳюнистиро мутаваққиф кунад дар ғайри ин сӯрат бояд сафораташро дар Малайзия бибандад.

Муътаризон ҳамчунин таъкид карданд, режими саҳюнистӣ бояд ҳарчӣ зудтар ҳамалот ба Борикаи Ғаззаро мутаваққиф кунад дар ғайри ин сурат шикасташ муқобили муқовимати Фаластин, ҳатмӣ аст.

Дар ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 токунӯн беш аз 21 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 55 ҳазор нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Борика Ғазза бо вокуниши тунди мардуми мухталифи ҷаҳону минтақа мувоҷеҳ шудааст, аммо токунӯн маҷомеи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид натавонистаанд ин ҳамалотро мутаваққиф кунад.