Баргузории дуввумин ҷаласаи расидагӣ ба ҷиноёти Исроил дар Девони байналмилалии додгустарӣ
(last modified Fri, 12 Jan 2024 13:46:45 GMT )
Январ 12, 2024 18:46 Asia/Dushanbe
  • Баргузории дуввумин ҷаласаи расидагӣ ба ҷиноёти Исроил дар Девони байналмилалии додгустарӣ

Девони байналмилалии додгустарӣ дар шаҳри Гаага имрӯз (ҷумъа 12 январ), дувумин баррасии шикояти Африқои Ҷанубӣ алайҳи режими саҳюнистӣ бо иттиҳоми наслкуширо баргузор кард.

Африқои Ҷанубӣ бо ҳадафи муҷозоти омилони қатли фаластиниҳо дар Навори Ғазза ва поён додани он ба Девони байналмилалии додгустарӣ дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд алайҳи режими саҳюнистӣ шикоят кардааст.

Дар ин шикояти 84-саҳифаӣ Африқои Чанубй қайд мекунад, ки Исроил нуктахои “Конвенсия дар бораи пешгирӣ ва муҷозоти ҷиноёти наслкушӣ”-ро нақз кардааст.

Девони байналмилалии додгустарӣ дирӯз (панҷшанбе) ва имрӯз, ҷумъа (11 ва 12 январ) дидгоҳҳои ҳуқуқии Африқои Ҷанубӣ ва режими саҳюнистӣ дар бораи наслкушӣ дар Навори Ғаззаро шунидааст.

То кунун бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон, Урдун, Туркия, Малайзия, Боливия, Венесуэла ва Либия, ҳамчунин Созмони Ҳамкории Исломӣ, Афви Байналмилал ва ҳудуди 400 яҳудии муқими Фаластини ишғолӣ, аз муҳоқима ва расидагӣ ба ҷиноёт ва наслкушии ахири режими саҳюнистӣ дар Девони байналмилалии додгустарӣ ҳимоят кардаанд.

Ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз 7 октябри соли 2023 мунҷар ба беш аз 23 ҳазор шаҳид ва овора шудани бештари ҷамъияти 2 миллиону 300 ҳазор нафар дар ин минтақа ва тахриби бисёре аз манзилҳо ва зербинои он шудааст.

Созмонҳои ҳуқуқи башар борҳо дар бораи камбуди шадиди ғизо, об ва дору ҳушдор додаанд.