Январ 17, 2024 09:33 Asia/Dushanbe
  • Дидори Путин бо Чои Сон-ҳуй
    Дидори Путин бо Чои Сон-ҳуй

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия сешанбе бо Чои Сон-ҳуй, вазири хориҷаи Кореяи Шимолӣ дар Кремл дидор ва тарафайн дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба музокира карданд.

Ба гузориши ИРНА, дар баёнияе, ки дар ҳамин робита аз сӯи Кремл мунташир шуд, омадааст: Сергей Лавров, вазири хориҷа ва Юрий Ушаков, мушовири раиси ҷумҳурии Русия низ дар ин музокирот ҳузур доштанд.

Ин баёния меафзояд: Чои ва Лавров, ки пештар низ бо якдигар музокира карда буданд, дар ин дидор пешниҳоди афзоиши ҳамкориҳои Маскаву Пхенян дар заминаҳои низомиву иқтисодиро ба иттилои Путин расонданд.

Ба навиштаи манбаъ, Лавров ва ҳамтои кореяияш сешанбе бо якдигар дидор кардаву зимни таъкид бар густариши равобити дуҷониба, дар мавриди сафари эҳтимолии Путин ба Пхенян гуфтугӯ карда буданд.

Вузарои хориҷаи ду кишвар ҳамчунин тайи дидори худ дар мавриди густариши ҳамкориҳои амалӣ миёни ду кишвар ва омодагии анҷоми иқдомоти лозим барои таҳаққуқи тавофуқҳои ба дастомада дар нишасти сарони ду кишвар дар сентябри соли гузашта гуфтугӯ ва ройзанӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл низ эълом кард, ки Путин ба Кореяи Шимолӣ даъват шуда ва интизор меравад дар сурати лузум аз ин кишвар дидор кунад.

 

Бештар бихонед:

Тафсир. Тасвиби замимаи қонуни асосии Кореяи Шимолӣ барои тазмини ҳастаии низомӣ ва суръати тавсеаи он

 

Барчасп