Таҳлил: Ҳушдори Русия дар бораи тавсеаи силоҳи биологики ҷадид тавассути Амрико
Генерал « Игор Кириллов » ( Igor Kirillov ) фармондеҳи неруҳои дифоъи ҳастай ، шимиёӣ биологикии артиши Русия эълом кард, ки коршиносон ва мутахассисони Пентогун дар ҳоли баррасии имкони истифода аз вируси обилаи маймун ба унвони як силоҳи биологӣ ҳастанд .
Кириллов дар як конфаронси матбуотӣ гуфт : « Ончи боис нигаронӣ аст теъдоди фазояндаи мутолеъотии анҷом шуда тавассути мутахассисони артиши Иёлоти Муттаҳида бар рӯи анвоъи вирусҳои обилаи ҳайвонӣ ва соири вирусҳои беморизои обилаи инсонӣ аст . »
Ҳушдори ҷадиди Русия дар бораи тавсеаи як силоҳи биологикии ҷадид бо тавваҷуҳ ба талошҳои мумтад ва густардаи Вашингтон дар ин замина дар чанд даҳаи ахир ба хусӯси пас аз фурӯпошии Шуравӣ дар соли 1991 сурат гирифтааст. Тадовуми густариши тавонмандиҳои низомии биологикии Амрико ва ба забони дигаре таслеҳоти биологикии Иёлоти Муттаҳида ба рағми мухотироти ҷиддии он барои амнияти минтақаӣ ва амнияти ҷаҳонӣ анҷом шудааст .
Бо ин,ки Амрико узви « Конвенсияи таслиҳоти биологик »аст, ки дар соли 1972 тасвиб шуда ва аз соли 1975 ба иҷро даромада аст, аммо амалан аз пешгомони тавсеаи анвоъи мухталифи ин таслеҳоти ғайри инсонӣ маҳсӯб мешавад .
- Генерал Кириллов дар бораи талошҳои давлати Трамп дар заминаи тавсеаи таслеҳоти биологик гуфта буд : « Ҷон Болтон ، мушовири амнияти миллии асбақи Амрико, шахсан бар таҳияи санадӣ барои тавсеаи силоҳи биологик дар Амрико назорат дошт ва муътақид буд тавсеаи чунин силоҳӣ метавонад пуштвонаи хубе барои султаи Амрико бар дунё ба унвон танҳо абарқудрати ҷаҳонӣ бошад . »
Амрико пас аз фурӯпошии Шуравӣ тавваҷуҳи хосе ба эҷоди озмоишгоҳҳои таслеҳотии биологик дар кишварҳое, ки пас аз фурӯпошии Шуравӣ эҷод шуданд доштааст. Зимни ин,ки истиқрори ин озмоишгоҳҳо ба вижа он даста, ки дар кишварҳое монанди Украина дар ҳамсоягии Русия қарор гирифтаанд дар воқеъ барои эҷоди таҳдидоти биологикии алайҳи Русия сурат гирифтааст .
«Изуми Накамитсу » муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва намояндаи ин ниҳод дар умӯри халъи силоҳи пеш аз нуҳумин ҳамоиши бознигарии Конвенсияи таслеҳоти биологик бо ишора ба фаъолиятҳои биологики Вашингтон дар Украина гуфта буд, ки дар фаъолиятҳои биологик ( Амрико дар Украина) фароянди назоратии муносиб ва мунтабиқ бо Конвенсия вуҷӯд надорад . Ба гуфтаи ин мақоми Созмони Милал, дар ин фаъолиятҳои манотиқи « хокистарии » зиёдӣ вуҷӯд дорад ба вижа вақте пои таҳқиқоти озмоишгоҳӣ дар миён бошад .
Нуктаи муҳим ин,ки дар тарҳҳои биологикии муртабит ба кишварҳои дигар ، Амрико бештар аз тарафҳои ғайри низомии тарафи қарордод бо худ истифода мекунад, ки ин кор метавонад шаку тардидҳо дар заминаи фаъолиятҳои биологикии низомии Пентогунро то ҳади зиёдӣ коҳиш диҳад.
Генерал Кириллов дар ин замина бо интиқод аз ҳузури озмоишгоҳҳои биологики Амрико дар кишварҳои ҳаммарз бо Русия мегуяд : Вашингтон фаъолияти озмоишгоҳҳои биологик бо аҳдофи низомии худро мутаваққиф накарда балки дар ростои авом фиребии онҳоро ба ширкатҳои ғайринизомии дигар мунтақил намудааст.
Бо тавваҷуҳ ба вуҷӯди шавоҳиди фаровоне Русия талош карда то тахаллуфи Иёлоти Муттаҳида аз Конвенсияи манъи таслеҳоти биологик ва саммиро дар Созмони Милал матраҳ намояд . Дар ин росто дар авоили ноямбри 2022 намояндаи Русия дар Шӯрои амнияти Созмони Милал қатъномаеро дар хусӯси лузуми анҷоми таҳқиқот дар мавриди озмоишгоҳҳои биологикии Иёлоти Муттаҳида ба раъйгирӣ гузошт. Илова бар эҷоди як камиссиюни вижа, дар ин санад пешниҳод шуда буд, ки гузорише дар мавриди натоиҷи ин таҳқиқот ироа шавад .
Бо ин ҳол, Шӯрои амнияти Созмони Милал қатъномаи пешниҳодии Русияро таъйид накард . Русия ва Чин ба он рай мусбат доданд, Амрико, Британия ва Фаронса ба он рай манфӣ ва 9 кишвари дигар рай мумтанеъ доданд. Бадин тартиб ғарбиҳо бо ҳамроҳи кардан бо Амрико монеъ аз таҳқиқот дар бораи тавсеаи таслеҳоти биологики тавассути Иёлоти Муттаҳида шуданд . Ин иқдом сирфан мӯҷиби ташвиқи ҳар чӣ бештари Вашингтон барои пайгирии талошҳояш дар ростои тавсеаи таслеҳоти биологик мешавад, ки корбурди онҳо метавонад мунҷар ба бурузи фаҷоеи инсонии бесобиқае шавад .
Бештар бихонед: