Апрел 05, 2020 11:26 Asia/Dushanbe

Давлати Амрико тайи чанд даҳсолаи гузашта машғули таҳқиқот дар бораи ҷангҳои биологик будааст. Инро манобеи амрикоӣ ҳамвора баён кардаанд. Ҳатто Вазорати дифои Амрико дар гузориш ба конгира эълом кард, ки барои эҷоди авомили биологики сунъӣ ва беасар кардани ваксинаҳо аст.

Баррасиҳо нишон медиҳад, ки беш аз 130 маркази таҳқиқот ва донишгоҳ дар Амрико, бар рӯйи тавлиди силоҳҳои биологик таҳқиқ мекунанд. Амрико барои аввалин бор тавонист аз ҳашарот ба унвони силоҳ истифода кунад. Аввалин бор, муассисаи таҳқиқоти пизишкии артиши Амрико ба равиши тавлиди анбӯҳи кайк ва канаҳои олуда ба тоун, барои интишор байни ғайринизомиён даст ёфт. Амрико солҳо қабл бо олуда кардани маҳсулоти биринҷӣ дар Жопон ва Ветнам, аз тариқи дасткории генетик бемории сифлисро густариш дода буд.

Бил Гитс, муассиси ширкати Майкрософт дар соли 2015 дар ҳоле, ки шакли микроскопии коронаро бар рӯйи саҳифаи бузурги намоиш нишон медод, гуфт : Дунёи фардо дунёи дастёбӣ ба силоҳи атомӣ нест, балки ин микробҳо ҳастанд, ки қудратро диктан хоҳанд кард.