Январ 03, 2017 17:50 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронӣ аз нуфузи ҷараёнҳои фикрии ифротӣ дар донишгоҳҳои Афғонистон

Дар ҳоле, ки давлат ва артиши Афғонистон ҷанги тамомаёреро бо гурӯҳи Толибон ва гурӯҳи террористии ДИИШ дар манотиқи мухталифи ин кишвар оғоз кардаанд, аммо ба гуфтаи устондори Тахор, давлати Коул аз нуфузи фикрии гурӯҳҳои ифротӣ ва салафӣ дар марокизи амалии Афғонистон ғофил шудааст.

Ёсин Зиё- устондори устони Тахор воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон эълом кард, гурӯҳҳои вобаста ба аҳзоби ифротӣ ҳамчун Ҳизби Таҳрир дар донишгоҳи ин устон фаъолият мекунанд ва донишҷуёнро зидди давлати Афғонистон таҳрик мекунанд.

Вай, фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ дар донишгоҳҳои ин кишварро як амри фарогир донист ба гунае, ки ҳатто бархе устодони донишгоҳҳои ин устон низ дидгоҳҳои аҳзоби ифротиро ба донишҷуён омӯзиш медиҳанд ва ин мавзу ба устони Тахор маҳдуд намешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи устондори Тахор бо вуҷуди ирсоли номаи расмӣ ва ҳушдор дар мавриди ин вазъият, Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон ҳамчунон нисбат ин масъала бетафовут аст.

Ҳизби Таҳрир дар соли 1953 таъсис шуд ва дар беш аз чиҳил кишвари ҷаҳон дафтар дорад.

Гуфта мешавад, марказияти ин ҳизб дар Покистон аст, аммо умдаи фаъолияти он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад. Бо таваҷҷуҳ ба рафту омадҳои саркардагони Ҳизби Таҳрир ба Англия, бархе аз маҳофил ва мақомоти ҳизбӣ дар Афғонистон Созмони иттилоотии Англияро ҳомии ин ҳизб медонанд.

Ҳизби Таҳрир, ки фаъолияти он дар Афғонистон мамнуъ шудааст ба тафаккуроти Толибон, Алқоида ва гурӯҳи террористии ДИИШ наздик аст ва дар воқеъ бо вуҷуди ин се гурӯҳ, ки аз тариқи низомӣ дар садади иҷрои тафаккуроти худ, бино бар ташкили аморат ва хилофати исломӣ ҳастанд, Ҳизби Таҳрир барномаҳои худро бар уламо, имомони масоҷид, устодони донишгоҳҳо ва донишҷуён мутамаркиз кардааст. Ба гунае, метавон ин ҳизбро бозӯи фарҳангӣ ва илмии ҷараёнҳои салафӣ ва такфирӣ донист, ки қишри таҳсил кардаро ҳадаф гирифтааст.

Умдаи фаъолияти Ҳизби Таҳрир дар манотиқи шимолии Афғонистон аст, ки дорои донишгоҳҳо ва марокизи илмии зиёде ҳастанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки манотиқи ҷанубии Афғонистон умдатан паштуннишин ҳастанд, хонаводаҳо дар ин манотиқ тарҷеҳ медиҳанд ҷавононашон дар мадориси динӣ таҳсил кунанд, ки таҳти таъсири омӯзишҳои мадориси динии Покистон қарор доранд. Аз ин ру, гурӯҳҳои ифротӣ монанди ҳизби Таҳрир, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчун Тоҷикистон фаъолият доранд дар талош ҳастанд, то бар ақаллиятҳои Афғонистон ҳамчун тоҷикҳо, узбакҳо ва туркманҳо бештар мутамаркиз шаванд, то ин манотиқро низ ба маҳалле барои гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав ва террористӣ табдил кунанд. Зеро ақаллиятҳои сокин дар шимоли Афғонистон ба шиддат бо гурӯҳҳои Толибон,  Алқоида ва ДИИШ мухолифанд ва пазириши онҳо дар ин манотиқ ниёзманди полоиши фикрии қишри равшанфикр аст, ки ҳизби Таҳрир дар ҳоли иҷрои он аст.

Боздошти бархе аз устодони Донишгоҳи Тахор нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои такфирӣ ва ифротгаро дар пешбурди барномаҳои худ дар марокизи илмии Афғонистон муваффақ амал кардаанд ва ин устодон ба унвони мубаллиғон ин гуна гурӯҳҳо амал мекунанд, ки бисёр нигарон кунандааст. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин ки ҳизби Таҳрир, давлати Афғонистонро давлати дастнишонда ва ғайри исломӣ медонад ва барои барканории он ва ташкили хилофати исломӣ талош мекунад. Дар ҳар ҳол, бо таваҷҷуҳ ба ин ки мардуми Афғонистон аз идомаи ҷанг хаста шудаанд ва гурӯҳҳои ифротгаро заминае барои нуфуз дар манотиқи шимолии Афғонистон надоранд бар фаъолитҳои фарҳангӣ дар донишгоҳҳо ва масоҷид мутамаркиз шудаанд, ки ҳушёрии давлати Кобулро барои муқобила бо ин ҷараёнот беш аз пеш металабад.

 

Барчасп