Таҳлил: Амрико монеъи барқарории оташбас дар борикаи Ғазза
(last modified Wed, 21 Feb 2024 06:32:00 GMT )
Феврал 21, 2024 11:32 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Амрико монеъи барқарории оташбас дар борикаи Ғазза
    Таҳлил: Амрико монеъи барқарории оташбас дар борикаи Ғазза

Амрико дар ҳоле,ки бо жестҳои башардӯстона талош дорад аз фишори афкори умумӣ ба далели мушорикати мустақим дар ҷанги наслкӯшии Исроил алайҳи мардуми Фаластин бикоҳад, барои саввумин бор пешнависи қатъномаи барқарории оташбаси фаври дар Ғаззаро бо ҳадафи ҳимоят аз ҷиноятҳои ин режими вето кард.

Ветои пешнависи қатъномаи оташбас дар Ғазза аз сӯйи Амрико

Пешнависи қатъномаи барқарории оташбас дар Ғазза, ки аз сӯйи Алҷазоир ба намояндагии гурӯҳи намояндагони кишварҳои рабӣ дар Созмони Миллал ба Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ироа шуда буд, дар ниҳоят аз сӯйи Амрико вето шуд. Инглис ҳам ба унвони яке дигар аз ҳомиёни наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба ин қатънома райи мумтанеъ дод. Аз замони оғози даври ҷаддиди наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза  дар 7 октябр то кунун, ин саввуминбор аст, ки қатъномаи пешниҳодии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои барқарории оташбас дар Ғазза ва тавақуфи куштори мардуми Фаластин аз суйи Амрико вето мешавад. Ҳар қатънома барои тасвиб дар Шӯрои амният ба 9 райи бидуни мухолиф ё ҳамон ветои панҷ узви доими ин Шӯро ( Амрико, Британия, Русия, Чин ва Фаронса) ниёз дорад. Сафир ва намояндаи доими Амрико дар Созмони Миллал мудаъи шуд қатъномаи пешниҳодии Алҷазоир талошҳо барои тастёбӣ ба тавофуқ дар бораи озодии усарои ду тарафро мухтал мекунад. Дар муқобил Риёз Мансур, намояндаи Фаластин дар Созмони Миллали Муттаҳид бо маҳкум кардани ветои пешнависи қатъномаи оташбас дар Ғазза тавассути Амрико, онро иқдоми хатарнок ва омили ташдиди кӯштори фаластиниҳо тавсиф кард. Ветои пешнависи қатъномаи Шӯрои амният барои барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза аз сӯйи Амрико дар ҳоле аст, ки шумори шуҳадои фаластинӣ аз оғози таҷовузгарии артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза дар 7 октябр ба беш аз 29 ҳазор ва шумори захмиҳо ҳам ба ҳудуди 70 ҳазор нафар расидааст.

Тахриби густардаи зерсохтҳои Ғазза

Иддаои Амрико дар тавҷеҳи ветои қатъномаи барқарории оташбас ва иртиботи он бо мухтал шудани раванди мубодилаи даҳҳо асири исроилӣ бо садҳо асири фаластинӣ дар шарроите матраҳ мешавад, ки аз замони оғози ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза то кунун як сад ҳазор тан сокинони Ғазза кӯшта ё маҷрӯҳ ва аз низомиёни саҳюнистӣ низ садҳо тан  ба ҳалокат расидан. Дар воқеъ Амрико бо ветои қатъномаи оташбас дар Ғазза зимни бозгузоштани дасти режими саҳюнистӣ барои тадовуми ҳамалот ба Ғазза, дар саддади нобудии комили зерсохтҳои он ва сипас талош барои фароҳам кардани заминаи кӯчи иҷбории сокинони минтақа аст.