Бозтоби худсузии як халабони амрикоӣ дар эътироз ба ҷиноёти саҳюнистҳо
(last modified Wed, 28 Feb 2024 07:21:39 GMT )
Феврал 28, 2024 12:21 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби худсузии як халабони амрикоӣ дар эътироз ба ҷиноёти саҳюнистҳо

Худсӯзии халабон(лётчик)-и амрикоӣ дар эътироз ба ҷиноёти саҳюнистҳо дар муқобили сафорати ин режим дар Амрико, бозтоби густардае дошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, худсӯзии низомии амрикоӣ, аммо пурсишҳоеро дар афкори умумӣ ва фазои гуфтумони сиёсии Амрико дар бораи ҷанги Ғазза матраҳ кардааст.

Ба гузориши пойгоҳи интерентии “Politico”, иқдоми ахири як низомии узви нерӯи ҳавоии Амрико дар худсӯзӣ дар муқобили сафорати Исроил дар Вашингтон бисёр қобили тааммул аст. Ин намод, наметавонист то ин андоза гӯёи норизоятии фазоянда аз сиёсати Амрико дар бораи Исроил бошад.

Ин низомии амрикоӣ як модаи қобили иштиолро рӯи бадани худаш рехт ва худашро ба оташ кашид, дар ҳоле, ки фарёд мезад «Озод бод Фаластин»!

Ӯ гуфт, ҳадафаш аз ин кор он аст, ки дигар намехоҳад «дар ин наслкушӣ, шарики ҷурм бошад». Ин низомии амрикоӣ рӯзи якшанбе бар асари шиддати ҷароҳот ҷон бохт.